Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ доир ба фавти Рамазон Забиров изҳорот доданд

Оид  ба фавти сарбози қисми ҳарбии 2857-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ  Забиров Рамазон Зокирович, ки дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд адои хизмат мекард, бо сарлавҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳти унвони «Марги мармузи Рамазон дар артиш», «Загадочная смерть пограничника: родители заявляют об избиении», «В Согде расследуют причины смерти новобранца», «В таджикской армии умер солдат, предположительно, в результате «дедовщины»» бо забони тоҷикӣ ва русӣ якчанд мақолаҳо дар расонаҳои интернетӣ 10 ва 11 августи соли ҷорӣ ба табъ расидаанд.
Дар ин мақолаҳо аз ҷумла омадааст: «…касе аз масъулони қисми низомӣ низ сабаби марги писарашонро шарҳ надода, ҷасадро дар рӯи ҳавлӣ гузошта рафтаанд».
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки муаллифони мақолаҳои номбурда нодидаю носанҷида ҳодисаҳоро инъикос намуданд, ки ин байни аҳолӣ нофаҳмиҳоро ба миён меорад.
Ба маълумоти рӯзноманигорон ва хонандагони гиромӣ расонида мешавад, ки ҳодисаи мазкур таҳти назорати қатъии Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ҳақиқат сарбози қаторӣ Забиров Рамазон Зокирович, баҳори соли 2016 аз тарафи Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои идома додани хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Отряди сарҳадии «Истравшан» фиристода шуда буд ва дар он ҷо хизмати Модар-Ватанро сарбаландона пеш мебурд.
Субҳи 5 августи соли 2016 ҳангоми бархестани ҳайати шахсӣ аз хоб, маълум мегардад, ки сарбози қаторӣ Забиров Рамазон Зокирович нафас намекашад ва баъдан маълум карда шуд, ки сарбоз вафот кардааст.
Худи ҳамон рӯз оид ба фавти сарбози қаторӣ Забиров Р.З. комиссияи махсус бо сарварии Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд (дар ҳайати 8 нафар), Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд ва афсарони масъули  РҚС КДАМ ҶТ (дар ҳайати 10 нафар) барои аниқ намудани ҳолати фавти сарбози қаторӣ ташкил карда шуд.
Аз тарафи Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд ду нафар сарбози қисми ҳарбии мазкур ҳамчун гумонбар ва айбдоршаванда дастгир шуда, корҳои таҳқиқӣ ва тафтишотӣ идома доранд.
Агар сабаби марги Забиров Р.З. аз лату куби ин ду сарбоз тасдиқ шавад, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз мегардад.
Ҳоло қазоват кардан дар бораи марги Рамазон Забиров барвақт аст ва бояд то муайян шудани хулосаи ташхисгарон мунтазир монд. Барои мушаххас кардани сабаби аслии марги сарбоз ҳамаи санадҳои лозима дастрас шуда истодаанд.
Тафтиш оид ба марги сарбоз идома дорад ва бо ворид шудани маълумотҳо падару модари сарбоз  хабардор карда мешаванд.
Ҳамзамон хотиррасон менамоем, ки 6 августи соли 2016 баъд аз гузаронидани экспертизаи судии ҳарбии тиббӣ, ҳайати гурӯҳи корӣ бо сарварии командири қисми ҳарбии 2857 ташкил карда шуда, ҷасади сарбози фавтида ба деҳаи Туда, ҷамоати деҳоти Мирзо-Ризои шаҳри Ҳисор интиқол дода шуд.
Ҳангоми супоридани ҷасади сарбоз ба падару модар ва хешовандони Забировҳо командири қисми ҳарбии 2857, муовини раиси шаҳри Ҳисор, комиссари ҳарбии шаҳр, раиси ҷамоати деҳот, имомхатиби масҷиди ҷомеи деҳа ва хешовандони сарбоз ҳузур доштанд ва дар маросими ҷаноза низ иштирок намуданд.
Зикр кардан лозим аст, ки аз ҷониби командири Отряди сарҳадии 2857 ба падару модари сарбози фавтида маводи хӯрока ва кумаки яқвақта расонида шуд.
Масъулини қисми ҳарбӣ тасмим гирифтаанд, ки дар маъракаҳои минбаъдаи хизматчии ҳарбии фавтида кумак мерасонанд.
Тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба падару модари сарбоз маблағи пулии муайяншуда дода мешавад.
Аз тамоми рӯзноманигорон хоҳиш карда мешавад, ки нодидаю носанҷида инъикос намудани ҳодисаҳоро дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хотима диҳанд. Ҳодисаро ҳаматарафа омӯхта ва дар асоси маълумоти дақиқ мавод нашр намоянд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.