Си Ҷинпин: Бидон, чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест!

Рафиқ коммунист, чӣ ҳол дорӣ? Шумораи гирифторони КОРОНА дар Тоҷикистон ба чанд расидааст? — Ин аввалин саволе буд, ки сарвазири Чин Си Ҷинпин ба ман дод.

…Хонандаи мо шояд суҳбати солинавии бандаро дар хотимаи соли 2019 бо Раис Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ёд дошта бошанд. Он замон аҳд карда будем ки, идомаи суҳбатро баъдтар бо рафиқ Си анҷом хоҳем дод. Аз он замон аллакай зиёда аз се моҳ сипарӣ шуд ва дар ин муддат миллионҳо кубометр об аз Хуанхею Янтсзи ва Вахшу Зарафшон ҷорӣ шуд. Дунё комилан дигар шуда, ҳама барои нест кардани душман дар Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ бо коронавирус миён бастанд. Аниқтараш даҳону биннӣ бастанд. Аз ин сабаб, қабл аз вохӯрӣ бо рафиқ Си ман ба воситаи Skype ба ӯ дар мавриди ваъдаи идомаи суҳбат ёдовар шудам. Гумон кардам,ки Раис, бинобар вазъияти баамаломада аз ваъдаи худ даст мекашад, вале Си Ҷинпин аз ҷумлаи онҳое набудааст, ки бо нобарорӣ муросо мекунаду аз зиндагӣ дасту дил мешуянд. Ӯ баъд аз он, ки симои маро дид, зуд ба хотир оварда, аввалин чизе, ки гуфт, ин буд:
-О, рафиқ собиқ коммунист. Чӣ ҳол дорӣ? Шумораи гирифторони КОРОНА дар шумо ба чанд расидааст?
-Ба 0 рафиқ Раис. Алҳол дар кишвари мо ягон нафар бемор нест…
-…ва намешавад ҳам,- давоми суханро аз ман гирифта, дилпурона гуфт Раис
-Чаро?
-Магар худат намедонӣ? Бидон, аввалан, шумо тоҷикед, тоҷикон бошанд, одатан мардуми тозаю тозакор ва озодаю эҳтиёткор ҳастанд.
-Э таъриф накунед, сурх шудам. Ман ҳар рӯз аз занак дар бораи либоси чиркинам ва нашустани дандонҳоям гап мешунаваму шумо бошед…
-Дуюм, -ба эътирози ман гӯш накарда, ба суханаш идома дод Раис,-“Корона” чӣ маънӣ дорад? Бале, тоҷ . Вақте ки тоҷи калон ҳаст, тоҷи хурд аз ӯ мегурезад. Сеюм, ҳукумати шумо “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯи он”-ро шиор кардааст ва ҳамаи чораҳои имконпазирро барои пешгирии расидани қадами номубораки вирус дидааст ва дар ҳолати пайдо шудани он зуд метавонад садди роҳи он гардад. Ғайр аз ин, Худованд нигаҳбонатон аст…
-Чун аз Худо ёдовар шудед, пурсиданӣ будам, ки оё ба масҷиди мусулмонон дар Пекин рафта, дар бораи шифо аз коронавирус дуои талабиданатон рост аст?
-Барои ман , чун коммунист ҳамаи динҳо баробаранд. Аммо он чи ту дидию дар борааш ҳоло ҳама мегӯянд, қисман рост аст. Аввалаш,ин ки ман ба масҷиди шаҳри Инчуан рафта будам, на Пекин. Гузашта аз ин, ин кор ҳанӯз соли 2016 шуда буд, ки он вақт ҳанӯз вирус- пирус набуд…
-Хоҳ — нохоҳ ҳоло дар ҷаҳон вирус паҳн шуд ва ҳама дасти ишора ба тарафи Чин дароз мекунанд…
-Бояд дасти онҳоро гардонда, ба самте равона кард, ки пайдоишу паҳншавии ин ваборо ташкил карданд ва ту медонӣ, мутахассисону масъулони мо чиро дар назар доранд…
-Шояд…
-Шояду хояд не, дар ин бора тафтишот рафта истодааст ва очаи коронавирусро меёбем. Агар ба таври сунъӣ сохта шуда бошад…
-Ҷаноби…узр мехоҳам, рафиқ Си, оё шумо ҳарос надоред ,ки нотарсона дар айни авҷи хурӯҷи коронавирус ба маркази он, шаҳри Ухан сафар кардед?Охир чанд вазир дар кишварҳои дигар, ҳатто Борис Ҷонс, Сарвазири Англия ба он гирифтор шудааст,ки ҳатто аз кабинети кориаш набаромада буд?
-Ҳмм… Аҷаб гапҳое мегуӣ. Ман аз якуним миллиард хитоии дигар чӣ фарқ дорам? Ғайр аз ин, ҳоло дидӣ, ки мо қариб пурра ба ин беморӣ ғалаба кардем. Хушбин бояд буд, рафиқ Ҳоҷӣ…
-Дурусту…ба ҳар ҳол эҳтиёт шарт аст…
-Ин гапи дигар. Худро доим тоза нигоҳ доштану дастро пеш аз хӯрдани оши палов ва баъд аз он шустан, тавре ки зани ту мисли зани ман генерал набошад ҳам, мегӯяд, ба тартибот риоя кардану дандонро шустан ва аз одамони чӣ хубу чӣ бад, дуртар будану андозаро нигоҳ доштан ҳамеша ба манфиати кору зарари корона аст. Агар аз рӯи ин гуфтаҳо амал кунӣ, Худо хоҳад ҳамааш хуб мегузарад…
-Боз Худо гуфтед….
-Худо дар кадом шакле набошад, Худо аст ва зикри номи он зараре надорад. Аммо боз ҳам тавре тоҷикон мегуянд:”Ба умеди Худо нашаву буттаро маҳкам дор” Яъне, тумшуқатро сафед куну собунатро дар киса гирифта гард ва бо поят аз масофаи камаш як метр бо рафиқат салом кун. Фаҳмидӣ?
-Фаҳмидам, рафиқ Си, шояд баъд аз ғалаба дар “Ҷанги сеюми ҷаҳон” боз вохӯрем?
-Шояд, инашро коронавирус, мебахшӣ Худо медонад…
Суҳбати мо аз сабаби суст будани интернет дар Тоҷикистон, дар ҳамин ҷо қатъ шуд… Ҳарчанд ҷон кандам, дигар бо рафиқ Си алоқа карда натавонистам ва хайрухуш насия монд…

Эътимод дорам, ки рафиқ Си ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро пайваста дастарс мекунед:
-Хайр, то боз дид.

А. АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *