Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

СИЛ – беморие, ки бояд ба шифоёбӣ аз он бовар кард

Аз рӯи маълумоти ТУТ, ҳар сол дар дунё 10 миллион нафар одамон гирифтори бемории сил шуда, 3 миллион нафар ҳалок мегарданд. Аз ҷумла, ҳар рӯз дар олам 8 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ ҷон медиҳанд. ТУТ ҳамчунин хабар додааст, ки дар натиҷаи татбиқи барномаҳо ва тадбирҳои андешидашуда дараҷаи сироятёбӣ аз ин бемории хавфнок дар ҷаҳон сол то сол кам мешавад. Мувофиқи омӯзиши мутахассисон як нафар бемори хориҷкунандаи сил дар давоми сол метавонад 10-15 нафар наздикон ва ҳамнишинони худро сироят намояд.

Чун ҳоло диққати аксарияти башарият ба бемории сирояткуннадаи нисбаташ хавфнок COVID-19 ҷалб шудааст бемориҳои дигари сироятӣ, аз ҷумла сил аз назарҳо ғоиб мондаанд, вале набояд фаромӯш кард, ки бемории сил ҳам ба ҷону тани аҳли башар хавфи зиёд оварда метавонад, зеро ин беморӣ ҳам сироятӣ аст ва имкон дорад, ки аз як нафар чанд нафари дигар сироят ёбанд.

Бемории сил чист?

Бемории сил – бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он микобактерияи (чубчамикроби) сил мебошад. Аз ҳама зиёд, шуши инсон ба ин беморӣ гирифтор мешавад, вале дигар узвҳо низ метавонанд захмдор гарданд. Ин беморӣ хеле ҷиддӣ буда, агар шахс табобати саривақтии доругӣ нагирад, ба оқибатҳои ногувори саломатии инсон оварда мерасонад.

Ҳар як шахс метавонад ба бемории сил сироят ёбад. Ҳангоми сулфа кардан ва атса задан, туф кардани балғам ва ҳатто ҳангоми гап задани бемори хориҷкунандаи барангезандаи бемории сил, у чубчамикробҳои силро ба муҳити атроф хориҷ мекунад. Шахси солим аз ин ҳаво нафас кашида, сироят меёбад, яъне роҳи асосии сироят ҳавои – бо роҳи нафас мебошад. Микобактерияҳои сил дар ҳаво, хусусан, дар биноҳои хурде, ки ҳавояшро зуд-зуд иваз кардан ғайриимкон аст, якчанд соатҳо мавҷуд буда метавонанд.

Киҳо зиёдтар дар хавфанд?

Метавон гуфт, ба ин беморӣ бештар одамоне, ки иммунитети баданашон сусту заифу нотавон аст, ғизои носолим мехӯранд, камқуввату бемадоранд, дар шароити бади иҷтимоӣ ҳаёт ба сар мебаранд ва рӯҳафтодаю маъюс мебошанд сироят меёбанд. Илова бар ин, сил ба наздикону атрофиёни шахси гирифтори сили шадид, маҳбусон, заноне, ки фосилаи байни таваллудро риоя намекунанд, нафарони мубталои ВНМО (ВИЧ), майхорагону нашъамандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, бекорон, одамони бесарпаноҳ, кӯдакони то 6-сола, ба одамоне, ки бемориҳои музмин/кӯҳна, монанди диабети қанд, захми рӯдаю меъда, саратон доранд ва дар минтақаҳои аз нигоҳи вазъи эпидемологии сил пурхавф кору зиндагӣ мекунанд, таҳдид менамояд.

Нишонаҳои бемории сил

Пешакӣ гуфтан ба маврид аст, ки нишонаҳои бемории сил ба коронавирус бисёр монанданд. Нишонаҳои асосии бемории сирояткунандаи сил инҳоянд:

-сулфаи давомдори зиёда аз 2-ҳафта, баъзан бо балғам ва хунтуфкунӣ;
-баландшавии ҳарорат;

-арақкунии шабона, ҳатто дар ҳавои сард;

-дарди қафаси сина;

-бемадорӣ;

-камшавии иштиҳо ва вазн;

-инчунин нафастангӣ;

Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ чи бояд кард?
Тибқи тавсияи духтурон дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳатман ба духтури минтақавӣ бояд муроҷиат намуд. Барои дақиқ муайян намудани сил шахси бемор 3 маротиба балғам месупорад. Намунаи аввали балғам дар мавриди бори якум ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан, намунаи дуюм- саҳари рӯзи дигар, баъд аз шустани дасту рӯй, намунаи сеюм-дар беморхона, баъд аз гирифтани натиҷаи намунаи дуюм супорида мешавад. Балғамро дар озмоишгоҳ (лаборатория) аз санҷиши микроскопӣ мегузаронанд. Агар дар балғам чубчамикроби сил дарёфт шавад, ин маънои онро дорад, ки шахс бемори сил мебошад ва хориҷкунандаи чубчамикроби сил буда ба атрофиён хатарнок аст.

Вале набояд фаромӯш кард, ки на ҳама сироятёфтагон ба бемории сил мубтало мешаванд. Агар одам ҳавои олудаи бактерияҳои силро нафас кашад, метавонад аз сил сироят ёбад. Ин гуфта маънои онро дорад, ки бадани инсон дорои намудҳои камҳаракат ва карахти бактерияҳои бемории сил мебошад. Чунин намуди бактерияҳо бемории силро ба вуҷуд намеоранд, одами сироятёфта микробҳои касалиоварро хориҷ намекунад ва атрофиён сироят намеёбанд. Микробҳо муддати дароз дар бадан «дар ҳолати хоб» зиндагӣ карда метавонанд, вале на ҳамеша бемориро ба вуҷуд меоранд. Ин ҳолатро «сироятёбӣ» мегӯянд. Муҳаққиқони соҳа ёдрас мекунанд, ки беш аз 1/3 қисми аҳолии рӯйи Замин аз барангезандаҳои сил сироят меёбанд, вале дар тӯли ҳаёт танҳо 5-10 дар сад аз ин беморӣ ранҷу азоб мекашанд. Ба тарзи дигар ифода намоем, аз 100 нафар мумкин аст 5-10 нафар ба бемории сил мубтало шавад.

Хулоса, танҳо он бемороне, ки дар таҳлили балғамашон микобактериҳои сил дарёфт мегардад, барои атрофиён сирояткунанда мебошанд ва бемороне, ки натиҷаи таҳлили балғамашон манфӣ аст, яъне микобактерияҳои сил дарёфт нагардидаанд, барои атрофиён хатарнок нестанд.

Ва ногуфта намонад, агар дар таҳлили балғами нафаре микробактериҳои сил дарёфт шуд, ҳамаи он шахсоне, ки бо бемори сил дар як манзил зиндагӣ мекунанд, барои соқит кардани бемории сил аз муоина гузаронидан зарур мебошад. Инчунин ҳамаи кўдаконе, ки бо бемори сил дар як хона зиндагӣ мекунанд, барои соқит кардани бемории сил аз муоина гузаронидан зарур аст, ин ҳатмист, зеро кўдакони то синни 5-6 сола бештар ба бемориҳо осебпазиранд.

Табобат, доруҳо ва шифоёбӣ

Пештоз бояд гуфт, ки доруҳои зиддисилӣ ва табобат ройгон аст. Мунтазам, то охир аз рӯйи нишондонди духтур истеъмол намудани доруҳо –роҳи ягонаи комилан шифо ёфатани бемори сил мебошад. Пас аз чанд муддат худро беҳтар ҳис кардани бемор ҳоло маънои онро надорад, ки ӯ пурра шифо ёфтааст. Бактерияҳо пурра нобуд нашудаанд, танҳо ҷараёни хориҷшавии микроб қатъ ёфтааст. Баръакс, агар доруҳо мувофиқи нишондоди духтур истеъмол нашаванд, беморӣ имкон дорад шиддат ёбад, дар ҳолати вайрон намудани реҷаи муолиҷа бошад, хавфи он аст, ки беморӣ табобатнопазир гардад. Агар дар қабули доруҳо танаффус шавад, беморӣ метавонад шакли давомнокро гирад, агар зуд-зуд такрор гардад, муолиҷа бенатиҷа хоҳад монд.

Дар шифоёбии беморони сил дар баробари доруҳо ғизоҳои босифат аҳамияти калон доранд. Таркиби ғизои беморон бояд аз сафеда бой бошад. Сафеда дар таркиби шир, гӯшт, тухм, моҳӣ форовон аст, бинобар ин истеъмоли чунин хӯрокҳо аз фоида холӣ нест.
Муваффақият ва натиҷаи табобат, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, аз худи шахси бемор, аз дарки дурусти беморӣ, аз сабру таҳаммул, рӯҳия ва иродаи ӯ вобаста мебошад. Ба замми ин, ӯ бояд донад ва иҷро кунад:

-фармудаҳои табибро бе каму кост иҷро намояд, дар хӯрдани доруҳои таъиншуда ба ғалат ва танаффус роҳ надиҳад;

-дар табобат танаффус накунад, табобатро пурра, то охир бигирад;

-бояд донад, ки бактерияҳои сил танҳо ба туфайли муолиҷаи бетанаффус нобуд ва безарар мегарданд;

-балғамро фақат дар туфдон туф кунад;

Пас аз оне, ки бемори сил мўҳлати пурраи табобати назоратшаван-даро (аз 6 то 24 моҳ) қабул карда, шифо меёбад, ў бояд тибки талабот дар назорати диспансери то мухлати муайян карда шуда карор гирад. Баъди аз кайди диспансери баровардани бемор тибки хулосаи КММТ шахс солим дониста шуда, ба назорати махсусу табобати такрорӣ эҳтиёҷ надорад.

Чун мегӯянд дар бобати дилхоҳ беморӣ пешгирӣ беҳтар аз табобат аст, мо ҳам ба ҷойи хулосаи ин матлаб чораҳои пешгирии бемории сил аз забони мутахассисон меорем ва итминон дорем, ки аз онҳо ҳар яки мо истифода мекунем:

-дарёфти саривақтии беморони гирифтори сил ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва табобати саривақтии онҳо яке аз роҳи асосии пешгирии паҳншавии бемории сил мебошад;

-балғамро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ туф накунед;

-тарзи ҳаёти солимро интихоб кунед;

-микобактерияҳои сил аз таъсири нурҳои офтоб нобуд мешаванд;

-ҳангоми бо бемори сил дар як хона зиндагӣ кардан парҳези махсус, безараргардонии зарфҳо ва дигар асбобҳои рўзгор зарурат надорад.

Худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед!

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
рузноманигор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.