Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Силвио Берлускони тими «Милан»-ро фурӯхт

Дар ин бора сомонаи «Спорт-Экспресс»иттилоъ  додааст.  Дастаи «Милан» аз шаҳри ҳамноми дастаро, ки собиқ президент ва сарвазири Италия Силвио Берлускони сарпарастӣ менамуд, гурӯҳи бизнесменҳои Чин  хариданд.

«Милан»-и Милан аз бошгоҳҳои футболи маъруфи Италия маҳсуб ёфта, шарафи кишварро борҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баланд бардоштааст.

Президент «Милан» Силвио Берлускони мегӯяд: ӯ ҳамчунин аз соҳибони нави бошгоҳ тақозо намудааст, ки дар муддати 2 соли наздик ба амалиёти трансферии даста 400 миллион евро маблағро дареғ надоранд.

Берлускони  «Милана –ро соли 1986 харида буд. Даста тайи 30 соли сарпарастии ӯ  30 ҷоизаи варзишӣ, аз ҷумла  8 бор унвони чемпиони Италияро дар силсилаи А, 5 бор ғолибияти Лигаи чемпионҳо ва 1 бор Ҷоми Италияро  ба даст овардааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.