Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Симпозиум зери унвони “Мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ” дар Токио

22 июни соли 2016 Симпозиум зери унвони “Мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ” бо ташаббуси Бунёди Япония (Japan Foundation) дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ш. Токио баргузор гардид.


Дар симпозиуми мазкур намояндагони давлатӣ, коршиносон, донишмандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуда, дар бораи мероси фарҳангии кишварҳои худ батафсил суханронӣ намуданд.

Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Бобомуллоев Саидмурод – Сардори Шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, археология ва этнографияи Академияи илмҳо ва Додхудоева Лола – Ходими пешбари илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба Академияи илмҳо муаррифӣ намуданд.

24 июни Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ намояндагони кишварро аз Академияи илмҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таърихи қадим, фарҳанги пурғановат ва гуногунрангии санъати халқи тоҷик ва зарурати ба таври кофӣ муаррифӣ намудани он ба мардум ва коршиносони Япония табодули назар намуданд.

 

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj