Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ситора Қодирӣ: Коронавирус ба занони ҳомила хатар надорад, аммо…

Ситора Қодирӣ, пизишки занони Бемористони Ибни Сино дар робита ба пайдо шудани коронавирус дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ин вирус ба занонони ҳомила хатар надорад.

Ӯ ба занони бордор чунин тавсия додааст:
-Вируси короно барои занҳои ҳомила хатари зиёд надорад. Занони бордор онро сабук мегузаронанд ва бо шири модар ҳам ба навзод намегузарад. Аз модар ба кӯдаки дохили батн ҳам вирус намегузарад.
Албатта, ҳангоми бордорӣ ҳолати эмании (имуннитет) бадан паст мешавад ва вирусро бадан зуд қабул мекунад. То ҳол ягон мавриди фавти зани ҳомила аз вируси короно сабт нашудаст. Танҳо як дарсади занони ҳомила короноро вазнин гузарондаанд, ки онҳо ҳам шифо ёфтаанд.

Ба гуфтаи Ситора Қодирӣ, занҳои бордоре, ки бемориҳои музмин диабети қанд, сил, бемориҳои қалб доранд, ба гурӯҳи хавф дохил мешаванд.

“Олимон ташхис кардаанд, ки аз модаре дорои вируси короно буд, аммо тести навзодаш манфӣ баромад. Ба ҳамин хотир, ду ҳафта баъд аз таваллуд тифлро аз модар дур нигоҳ медоранд. Дар семоҳаи аввали бордорӣ, агар вирус шадид ва бо таби баланд гузарад, метавонад оризаи бордорӣ мисли нуқсони модарзодӣ, фавти дохилибатнӣ ва сиқтро дар пай дошта бошад”, мегӯяд табиби Беморхонаи Ибни Сино.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.