Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ситораҳо Нилуфарро аз вартаи марг наҷот медиҳанд.

  Пагоҳ бо дастгирии фонди рушди Тоҷикистон дар меҳмонхонаи « Серена» консерти хайрияви бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад, ки маблағи консерт пурра барои ҷарроҳии Шерова Нилуфари 22- сола масраф хоҳад гардид.

Чунончӣ роҳбари Фонди Рушди Тоҷикистон- Бобохонова Тахмина Ғаффоровна дар сӯҳбат бо « Tajikistantimes.tj» гуфт, «Шерова Нилуфар мутаввалиди соли 1994 буда, аз бемории нодири Beta Талассемия чандин со ласт, ки азият мекашад».

Ба гуфти Тахмина Ғаффоровна Нилуфар айни замон дар Ҳиндустон қарор дорад ва ҳамин ки консерт ба итмом расида, маблағи боқимонда, ҷамъоварӣ гардид, модараш ҳамроҳи бародари хурдияш, ки донори Нилуфар хоҳад шуд, озими Ҳиндустон мешаванд.

 Мавриди зикр аст, ки дар ин консерт сарояндаҳое, ҳамсони Баҳром Ғафурӣ, Баха84, Шаҳроми Абубакр,  Ҷаҳонгир Зарипов ширкат хоҳанд намуд.

Фоннди Рушди Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти чандин солааш 59- аробачаи маъюбӣ ба маъюбон тақдим намуда, зиёда аз 10 нафарро ба хориҷи кишвар барои ҷарроҳии вазнин аз ҳисоби консертҳою аксияҳои хайриявии гузаронидааш сафарбар намудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.