Собиқ корманди “Вавилон” ва Агентии обуҳавошиносӣ 10 сол ҳукм гирифт

Собиқ корманди Ширкати “Вавилон” ва Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон барои қаллобӣ ва аз худ кардани наздики 50 000 доллар бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе 10 сол равонаи зиндон шуд. 

Тавре дар суҳбат бо сомонаи Pressa.tj  судяи  Суди шаҳри Душанбе Шараф Нарзуллозода хабар дод, 10 июли соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Мираков Нуралӣ Саидалиевич, соли таваллудаш 29 июли соли 1978, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,  ҷойи кораш Агентии обуҳавошиносӣ баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, Мираков Н.С. 28 июли соли 2010 бо Атаев Далер Мирзохуршедович, ки собиқ ҳамкораш дар ҶСП “Вавилон-Мобайл” буда, дар якҷоягӣ кору фаъолият мекардаанд, бо додани маълумоти бардуруғ оиди ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси шартномаи қарзӣ 20000 доллари ИМА-ро ҳамчун қарз бо додани фоиз ба муҳлати 6 моҳ гирифта, бар ивази он манзили истиқоматии худро мегузорад. Бо ин роҳ маблағи мазкурро азхуд намуда, ягон фаъолияти соҳибкориро ба роҳ намонда, маблағро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.

Инчунин, номбурда бо мақсади ба даст овардани маблағи калони пулӣ, бо роҳи фиреб ва сўистифода аз боварии дӯстдухтараш Наргис Сайумаровнаро бо далели он ки гӯё ў дар ҳудуди ВМБК маблағҳои идоравии ҶСП «Вавилон-Мобайл»-ро ба андозаи 50000 доллари ИМА гум карда бошад, хонаи мавсуфро фурухта, ба манфиати шахси истифода кардааст.

Бо ҳукми суд аз ҳисоби Мираков Нуралӣ Саидалиевич ба фоидаи Масалиева Наргис Сайумаровна маблағи зарари расонидашуда ба миқдори 49800 доллари ИМА, бо қурби асъори миллӣ 237104 сомонӣ рӯёнида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *