Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Собиқ раиси Кӯлоб Баҳром Иноятзода гуруснанишинӣ эълон кард?

Баъд аз он ки Баҳром Иноятзода аз шифохона ба боздоштгоҳ интиқол ёфт, дубора вазъи саломатиаш бад шудааст, мегӯянд хешовандони Иноятзода.

Иноятзода 8-уми июни имсол бо гуноҳи гирифтани «пора» боздошт шуд. Ӯро пас аз мубтало шудан ба коронавирус дар шифохонаи сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ карда буданд. Манобеи расмӣ мегӯянд, бо далели беҳ шудани вазъи саломатиаш ӯро дубора ба СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатӣ бурданд. Парвандаи раиси пешини шаҳри Кӯлобро муфаттишони Прокуратураи вилояти Хатлон таҳқиқ доранд. Ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки гуё барои додани қитъаи замин ба сокинон 400 ҳазор сомониро ҳамчун “пора” гирифтааст. Ба гуфти як манбаъ дар мақомоти интизомӣ “ҳафтаи гузашта Баҳром Иноятзода се рӯз гуруснанишинӣ кард”. Манбаъ мегӯяд, раиси собиқи Кӯлоб ба ин васила хостааст, баъзе айбномаҳо аз парвандааш берун карда шуда, худаш бо табобати дуруст фаро гирифта шавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки Баҳром Иноятзода барои «маҳз дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории замин», ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Баҳром Иноятзода дар гузашта раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси миллӣ буд ва моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Номи ӯ дар моҳи феврали соли равон, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати «Комил-2010», мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаро танқид кард.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Шаҳрванди ҶТ 26.08.2020 10:38

    Агар ҳамаи мансабдорону хизматчиёни давлатиро тафтиш мекарданд, шояд дар Точикистон раису раисча намемонд!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.