Собиқ раиси шаҳри Панҷакент “ба кори дигар гузашт”

Сабаби барканории Ислом Зиёзода, дар фармони президенти ҶТ таҳти №60 аз 11-уми ноябри соли 2020, гузаштан ба кори дигар гуфта шуда буд.

Ислом Зиёзода,собиқ раиси шаҳри Панҷакент баъди cе моҳи барканориаш ба вазифаи сардори Стансияи таҷрибавии панҷакентии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Ӯ дар ин вазифа номзади илмҳои кишоварзӣ Диловар Шералӣ, фарзанди шоири шӯҳратёр Лоиқ Шералиро иваз кардааст.
Ислом Зиёзода аз моҳи феврали соли 2015 то 11-уми ноябри соли 2020 роҳбарии шаҳри Панҷакентро ба зимма дошт.

Сабаби барканории Ислом Зиёзода, дар фармони президенти ҶТ таҳти №60 аз 11-уми ноябри соли 2020, гузаштан ба кори дигар гуфта шуда буд.

Дар гузашта ӯ сардори Раёсати кишоварзӣ ва муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент буд. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрӣ мебошад.

5500-солагии Саразм. Роҳи Рукнобод-Панҷрӯд таъмир мешавад


Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, аммо дар қиёс ба Зиёзода, Диловар Шералӣ дар соҳаи кишоварзӣ мутахассиси хуб буда, ду навъи нави шолиро бо номҳои “Панҷрӯд” ва “Саразм” ихтироъ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *