Содир Ҷабборов: мо бояд мушкилоти марзро ҳал кунем…

Дар оғози мулоқти як ба яки президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов масъалаи марзи ду кишвар матраҳ шуд.

Дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон меҳмони қирғизро хуш омадед гуфт ва зикр кард, ки ба сафари ӯ аҳамияти бузурге қоил аст.

«Хеле хушам аз ин сафари Шумо ба Тоҷикистон. Мо ба ин сафари расмии шумо аҳаммияти бузурге қоил ҳастем. Ин нахустин сафари шумо ба Тоҷикистон пас аз интихоб шуданатон ба унвони президенти Қирғизистон аст. Дар ин росто барои Шумо барору муваффақият орзу мекунам. Мо бояд тамоми бахшҳои равобити дуҷонибаро баррасӣ кунем. Мо ба рушди босамари ҳамкориҳоямон манфиатдорем»,-гуфт Президенти Тоҷикистон.

Содир Ҷабборов баъди изҳори сипос ба ҳамтои тоҷикаш масъалаи марзро ба миён гузошт.

«Равобити мо пас аз ҳаводиси 28-уми апрел даврони мушкилеро пушти сар мекунад. Барои мо зарур аст, ки мушкилотро ҳал кунем, то дар оянда ин гуна ҳаводис такрор нашаванд. Қирғизҳову тоҷикони мардумони бародаранд» – гуфт номбурда.

Ҳанӯз ҷузъиёти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов ба таври комил дастрас нест. Бо ба даст омадани маълумоти нав шуморо огоҳ хоҳем кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *