Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷ манъ шуд

Аз 25-уми апрели соли равон аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содироти ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо манъ гардид. Ин тасмим имрӯз зимни ҷаласаи Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сурат гирифт.

Дар ин бора қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус содир шудааст. Яъне, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар муваққатан содирот карда намешавад.

Гуфта мешавад, ки ин тасмим бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.