Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шамоли сахти Хуҷанд дарахтонро аз бех канд (аксҳо)

Шамоли  сахт ва борони пуршиддат дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд зарари моддӣ расонд. Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки  “ин ҳодиса шоми дирӯз, 29 апрел тахминан соатҳои 19-21  рух дода, хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифт нашудааст”.

Тибқи иттилои манбаъ, дар баробари рух додани офати табиӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ситод ташкил гардид. Масъулини  дахлдор барои бартараф намудани зарарҳои расонидашуда сафарбар гардонида шуданд.

Офати  таббӣ асосан ба дарахтону ноқилҳои барқӣ таъсир расонидааст. Беш аз 50 бех дарахтони азимҷусса афтида, ба иншооти гуногун таъсири моддӣ расонидаанд. Ҳамзамон, ноқилҳои барқӣ канда шудааст. Баъди як муддат қатъ гардидани барқ дубора ба хонаи  сокинон қувваи барқ барқарор карда шуд.

Иншооти гуногуни бунёдшаванда, ки ҳудудашон бо тунукаҳо гирифта шуда буданд, бар асари вазидани шамол девори иҳотавиашон афтида, дар бархе маҳаллаҳо боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт гардидааст. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ин офати табиӣ дар ҷараён буда, тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби масъулин дар зудтарин фурсат тамоми инфрасохтори зиёнрасида барқарор мегарданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.