Сокинони Сомониён наметавонанд ба хонаҳояшон баргарданд (видео)

Дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо манзили истиқоматии сокинон дар деҳаҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён аз ҷониби қирғизҳо оташ зада шуд. Сокинони деҳаи Сомониён, ки манзилҳояшон ба коми оташ рафтааст, мегӯянд ҷои дигаре барои рафт надоранд.

Сокини кӯҳансоли деҳаи Сомониён Назаров Шариф, ки дастёре надорад, бо чашмони пур аз ашк ба мошини сӯхта ва ҳавлии валангоршудааш нигоҳ мекунад. Ин мӯйсафед чанд рӯз пеш дар ин ҳавлӣ бо ҳамсар ва наберааш осуда зиндагӣ мекард, то ин ки муноқиша оғоз шуд. Пас аз он ки онҳо аз деҳа ба ҷойи амнтар кӯчиданд, ҳамсояҳои қирғизаш хонаи ӯро оташ мезананд. Назаров Шариф мегӯяд, ки тӯли солҳои зиёди ҳамсоягӣ бо қирғизҳо ба хаси онҳо зарар нарасонидааст.

Назаров Шариф ягона сокини деҳаи Сомониён нест, ки молу мулкаш мавриди ҳамлаи қирғизҳо қарор гирифта бошад. Чун сарнавишти талх насиби оилаи Тоҳировҳо низ шудааст. Шаҳрвандони Қирғизистон ду ҳавлии ин оиларо, ки 4 хонавода дар он истиқомат мекард, оташ заданд.

Сокинони деҳаи Сомониён, ки бо қирғизҳо якҷоя зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ки зиндагӣ бо чунин ҳамсояҳо онҳоро ба дод овардааст. Ҳатто кӯдаконро вақти мактабравӣ қирғизҳо мавриди латӯкӯб қарор медиҳанд, мегӯянд онҳо.

Дар умум дар деҳаи Сомониён 10 хона ба коми оташ рафтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар муноқишаи ахири марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуданд. Як иншооти ёрирасон низ зарар дидааст. Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст.

Мақомоти вилояти Суғд ба сокинон ваъда кардаанд, ки барои сокинони зарардида хона сохта медиҳанд.

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *