СОЛИ НАВ ва дини ИСЛОМ

Бархӯрди назарҳои Ҳоҷӣ Мирзо, Эшони Нуриддин, Дилшод Раҳимов ва Шамил Аляутддинов

Ҳамасола дар арафаи Соли нави масеҳӣ (тақвимӣ) дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки зиёда аз 90%-и онро мусулмонон ташкил медиҳанд, сарусадо бармехезад, ки оё дини ислом таҷлили ин рӯзро ҷоиз медонад ё на? Имсол низ дар остонаи Соли нав мо ба ин суол посух ҷустем.

Ҳоҷӣ Мирзо: «Соли нав аз ислом нест!»

Дар як мавъизаи худ рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо мегӯяд: «Соли нав аз мусулмонҳо нест. Мусулмон ду ид дорад – Қурбон ва Рамазон, ин Соли нав мавлуди Исои Масеҳ аст, ки ба мусулмонон рабт надорад. Ман ба мактабу Ҳукумат кор надорам, зеро онҳо маҷбуранд, ки ин ҷашнро таҷлил кунанд, вале чӣ зарурат ҳаст, ки мусулмонон онро дар хонаи худ таҷлил кунанд?»

Рӯҳонии дигар Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода бошад, дар мавъизаи худ касоне, ки Соли навро таҷлил менамоянд, «беномусу ор» мегӯяд:

«Шаби 31 декабр пайғамбари шумо таваллуд шуда, буд ки то соати 12 бедор меистед? Муҳаммад ибни Абдуллоҳ таваллуд шуда буд? Ягон нафари шумо соли таваллуди паёмбари худро намедонед, аммо соли таваллуди Исоро аз европоиҳо пайравӣ карда, ҷашн мегиред. Шармандаҳои беномусу беору беғайрат…».

Чун ин мавъизаҳо чанд сол аст, дар YouTube чарх мезанад, бисёре аз сокинони кишвари мо аз таҷлили Соли нав худдорӣ мекунанд. Барои мисол соҳибкор Некрӯз Насибҷонзода, Соли навро иди бисёрхудоӣ медонад:

«Ман Соли навро ҷашн намегирам. Зеро ин ид ба дини мо ягон робита надорад. Асли пайдоиши Соли нав аз даврони бисёрхудоӣ  мондааст. Арчаро оро додан ҳам, аз ҳамон давру замон аст, ки одамон дар фасли зимистон сабзии арчаро дида, хурсанд шуда, онро ба ҳайси Худои худ қабул мекарданд ва ба наздаш туҳфаҳо мегузоштанд. Аслан ҷашн гирифтани он шояд гуноҳ набошад. Фикр мекунам, ҳамааш ба нияти худи инсон вобаста аст. Лекин беҳтараш аз анъанаҳои бегона дур шавӣ».

Шарҳи муфтӣ   

Сайидмукаррам Абдулқодирзрода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар мавриди таҷлили Соли нави масеҳӣ чунин андеша дорад:

«Соли нав ҷашни динӣ нест, вале онро ҳамчун шурӯъшавии сол ҷашн гирифтан мумкин аст. Мувофиқи шариати исломӣ ҳар иде, ки он ба ақидаи исломӣ ва ба шариати ислом ё ин ки ба фармудаҳои Худованд ягон мухолифат надорад, метавон ҷашн гирифт.

Хусусан дар мазҳаби имом Ҳанифа — ҳар урфе, ки ба шариати исломӣ муқобил ва мухолиф нест, аз нуқтаи назари илмӣ боке надорад, яъне кори гуноҳе нест».

Соли нав оини қадимии тоҷикон аст

Алорағми баҳсҳо, ки Соли навро ба зодрӯзи Исои Масеҳ рабт медиҳанд, фарҳангшиноси тоҷик Дилшод Раҳимов зимни як тадқиқоти худ собит кардааст, ки Соли навро қабл аз дини насронӣ ниёгони мо таҷлил мекарданд:

«Қабл аз дини ислом ва кеши зартуштӣ ниёгони мо, ориёиҳо, пайрави ойини меҳрпарастӣ ё ба истилоҳ митроизм будаанд.

Дар фарҳанги мардумони эронитабор осори ойини меҳрпарастӣ ба гунаи бовару эътиқод, ҷашну маросимҳо ва рамзҳову тасвирҳо боқӣ мондаанд. Чунончи, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, шаби Ялдо ва ғайра.

Мувофиқи тақвими суннатии эронӣ шаби 30-юми моҳи Озар (22-уми декабр) рўзи таваллуди эзади Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рўзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад.

Шаби ин рўзро эрониён Ялдо меномиданд ва ба ҳамин муносибат ҷашну шабнишиниҳо барпо мекарданд. Вожаи «ялдо» аз забони сурёнӣ буда, маънои валодат ё таваллудро дорад.

Ойини меҳрпарастӣ дар замони ҳукумати Ашкониён аз сарзамини Эрони бузург ба Рум ва кишварҳои Болкону румонизабони Урупо роҳ ёфтааст. То ба қарни чаҳори мелодӣ дар имперотурии Рум ва баъзе мамлакатҳои урупоӣ дини митроизм роиҷ будааст ва пасон масеҳият ҷойи онро гирифт.

Дар ин кишварҳо рўзи 25-уми декабрро ҳамчун зодрўзи Меҳр ҷашн мегирифтанд, шамъафрўзӣ мекарданд ва шабнишиниҳо доштанд. Дар ҳоле ки аз зодрўзи Исои Масеҳ 6-уми январ таҷлил мешуд.

Чун масеҳият ҷойгузини митроизм дар имперотурии Рум гашт, мардум шабнишинии зодрўзи Митроро идома доданд. Аз ин сабаб имперотур рўҳониёни масеҳиро маъмур кард, ки рўзи таваллуди Исоро 25-уми декабр эълон кунанд ва таҷлил намоянд.

Ҳамин тавр, шаби Ялдо дар кишварҳои урупоӣ ба ҷашни Кристмас (Рождество = Мелод) ё худ зодрўзи Исои Масеҳ табдил ёфт ва то ба имрўз идома дорад».

Тадқиқоти Дилшод Раҳимов нишон медиҳад, ки гузаштагони мо на танҳо рӯзи тавлиди Меҳрро ботантана талил мекарданд, балки дарахти арчаро низ оро медоданд:

«Ороиши дарахти арча ё коҷ, ки имрўзҳо яке аз рамзҳои Соли нав ба шумор меравад, низ дар асотири марбут ба ойини меҳрпарастӣ зикр шудааст. Дарахти коҷ ё сарв дарахте мебошад, ки вижаи хуршед мебошад, дарахте, ки ҳамеша сабз ва ботароват аст».

Имомхатиб: «Соли навро ҷашн гиред!»

Назарҳо нисбати таҷлили Соли нав мухталиф аст. Бешари рӯҳониёни тоҷик ҳамоно муқобили таҷлили ин ҷашн ҳастанд ва ё посухи духӯра медиҳанд. Вале ба гумони банда шарҳи муосир ва ба замони мо мувофиқро Шамил Аляутддинов, раиси шӯрои уламои исломии Русия, имом хатиби яке аз масҷидҳои бузурги Маскав ва муаллифи 30 китоб оида ба дини ислом додааст:

«Бештари онҳое, ки мухолифи таҷлили  Соли нав ҳастанд таърихи пайдо шудани ин идро далел меоранд.  Маъмулан менависанд, ки як вақтҳо ин ид —  иди даврони ҷоҳилият ё будпарастӣ буд, барои ҳамин ҷашн гирифтани он дуруст нест. Аз як нуқтаи назар дуруст аст, мусулмонон идҳои даврони бутпарастиро ҷашн намегиранд. Аз нигоҳи дигар бошад, бояд ба назар гирифт, ки ҳеҷ кас дар ҷомеаи мо ин идро бо монанди иди бутпарстӣ ҷашн намегирад  ва ба чизе саҷда намеорад, ки ин маълум аст.

Имрӯзҳо барои тамоми сокинони олам ҷашн гирифтани Соли нав иди халқӣ ва давлатӣ гаштааст — ҷашн гирифтани ба охир расидани сол.  Рӯзҳои истироҳатиии Соли нав, ки бо баҳонаи он мардум истироҳат мекунанд ва ба наздикони худ туҳфа меоранд ва кӯдаконашонро шод мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин ҷо нишонае аз усули динӣ  дида намешавад. Одамон танҳо вақташонро хубтар мегузаронанду истироҳат мекунанд. Барои ҳамин аз нигоҳи ислом бояд ҳадисеро  ба назар гирифт, ки мувофиқи он тамоми амалҳои инсон аз ният вобаста аст.

Дар масъалаи  ҷашн гирифтани Соли нав агар мақсади одамон ба хотири ба анҷом расидани сол ва ё омадани соли дигар дар сари дастархон ҷамъ кардани наздикон, таманниёти нек кардан, ба якдигар туҳфа намудан бошад, пас амалҳои онҳо мувофиқи ҳадиси овардашуда баҳо дода мешавад.

Дар ислом бо дӯстон истироҳат кардан, ҳамдигарро шод намудан манъ нашудааст, балки ислом ҷонибдори ин амалҳост.

Табрик намудан бо Соли нав ҳам ягон амали бад нест, балки нияти хуб нисбати касе аст, ки ҳеҷ бадие надорад.

Агар ба таҷлили Соли нав дуруст муносибат кунем, он барои ғанӣ гардонидани корҳои неки шахсии худ дар назди Худованд мешавад».

Воқеан, таҷлили Соли нав барои мардуми мо як василаи дилхушӣ, ба аёдати ҳамдигар рафтан, барои якдигар ҳарфи меҳр гуфтан ва аз ҳама муҳим ҷашни шодии кӯдакон аст.

Бинобар ин, беҳтар аст, ки ба ҷойи ҳадису ривоят ҷустан ва монеи хурсандӣ шудан, ҳамдигарро ба Соли нав табрик гӯем ва барои соли оянда орзуҳои нек кунем.

Соли нав муборак!

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *