Соли ҷорӣ Тоҷикистон аз минаҳо тоза мешавад

Бар асоси Конвенсияи Оттава Тоҷикистон вазифадор аст то 1 апрели соли 2020 тамоми худудашро аз минаҳои зиддинафар поксозӣ кунад.

Ин минаҳо асосан аз замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 боқӣ мондаанд. Як қисми дигари минаҳо дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҷониби низомиёни ӯзбек дар минатқаҳои сарҳадӣ гузошта шуда буд. Дар ин манотиқ нишонаҳои огоҳкунанда аз хатари инфиҷори мина насб нашудааст.

Аз соли 2009 Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар поксозии манотиқи Тоҷикистон аз минаҳао бо ниҳодҳои марбутаи ин кишвар ҳамкорӣ мекунад.

Генерал Сайёрабек Бачабекзода, раиси Идораи неруҳои муҳандисии Артиши Тоҷикистон рӯзи 19 июн дар Ҳамоиши САҲА дар шаҳри Вена оид ба ҳамкорӣ дар бахши амният гуфт, ки дар муддати 10 соли ахир майдони беш аз 3 ҳазор километри квадратӣ аз минаҳо тоза карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин майдон беш аз 16 ҳазор адад минаҳои зиддинафар ва 3 ҳазор адад моддаҳои таркандаи дигар кашф ва нобуд гардидааст.

Тибқи иттилои Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон, дар зарфи 20 соли ахир бар асари таркиши минаҳои зиддинафар 374 нафар кушта шуда ва 485 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *