Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сомонӣ аз Вашингтону Москав гузашт…Дави ӯ то куҷост?

Қурби асъори хориҷӣ дар бозори арзи Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ коҳиш меёбад

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он, пули миллӣ дар ҳоли тақвиятёбист.

Тибқи иттилои ин ниҳоди молӣ, арзиши 1 рубли русӣ 0.1550 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба ҳафтаи гузашта поинтар аст. Охири ҳафтаи гузашта дар бозори арзи Тоҷикистон 1 рубли русӣ 0,1554 сомонӣ арзиш дошт.

Қурби доллар ҳам тағйир ёфтааст, он нисбат ба сомонӣ андаке поин рафта, ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3170 арзиш дорад.

Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ низ нисбат ба сомонӣ дар баробари болоравиҳои аввали сол ба таври рекордӣ коҳиш меёбад.

Дар бозори арзи кишвар як евро 13.2477 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки тибқи нишондоди ахири Бонки миллӣ он 13.2715 буд.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 11.3170 то 11.3400 сомонӣ;

1 евро аз 13.2477 то 13.42 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0.1550 то 0.1570 сомонӣ.

Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.

Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.