Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сомон, Беҳрӯз ва 6 варзишгари дигар ба “Tashkent Grand Slam 2021” мераванд

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми март дар Тошканд доир мегардад, аз  Тоҷикистон 9 варзишгар иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” то ҳоло иштироки 525 варзишгар (309 мард ва 216 зан) аз 76 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон ҳафт варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати занон бошад, ду нафар аз Тоҷикистон – Аҳлия Муъминова (то 52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (то 63 кг) – ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.