«Сомон Эйр» акнун аз Душанбе ба Новосибирск ва Сочи парвоз мекунад

 Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар арафаи Рӯзи авиатсияи гражданӣ ду хатсайри навро ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи ифтитоҳ намуд. 31 август хатсайри аввалини ширкати ҳавопаймоӣ аз рўйи самти Душанбе-Новосибирск-Душанбе ва 1-уми сентябр маросими ифтитоҳии хатсайри Душанбе-Сочи-Душанбе баргузор гардид.
Ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоӣ дар ду самт ҳафтае як маротиба парвоз намуда, парвоз дар хатсайри Душанбе- Новосибирск рўзҳои чоршанбе ва Душанбе- Сочи рўзҳои панҷшанбе муқаррар шудааст.
Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барқарор кардани хатсайри Душанбе-Бишкекро низ дар нақша дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *