“Сомон Эйр” вазифаашро пеш аз мӯҳлат иҷро мекунад

Ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр” шоми 14 январ ба ҷои соати 19 як соат пештар – соати 18 аз фурудгоҳи Душанбе ба Хуҷанд парвоз кардааст.

15 мусофир вақте ба фурудгоҳ омаданд, ки ҳавопаймояшон алакай дар роҳ ба Хуҷанд қарор дошт.

Блогнависи тоҷик Рустам Гулов шоми 14 январ дар саҳифааш дар Фейбук хабар дод, ки ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр” аз фурудгоҳи Душанбе бидуни 15 мусофираш ба Хуҷанд парвоз кардааст.

Бино ба навиштаи Рустам Гулов, онҳо вақте ба фурудгоҳ омаданд, ки ҳавопаймои Душанбе — Хуҷанд алакай парвоз карда буд.

Ин ҳавопаймо мебоист соати 19 аз Хуҷанд ба ҳаво мехест, вале бо дастури маъмурияти ширкати «Сомон Эйр” вақти парвози онро як соат пештар овардаанд.

Масъулони «Сомон Эйр” ба 15 мусофири ҳайратзада гуфтаанд, ки чанд бор талош карданд, то тавассути телефони мобил онҳоро аз тағйири соати парвоз хабардор кунанд, вале бо онҳо тамос гирифта натавонистаанд.

Дар «Сомон Эйр” ба ин 15 мусофири дар ними роҳ монда ваъда додаанд, ки онҳоро бо парвози шоми 15 январ ба Хуҷанд хоҳанд расонд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *