Сомон,Раҳмон ва Малика баробар ба дунё омаданд

Дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) як зан сегоник – ду писар ва як духтар – таваллуд кардааст. Наимҷон Қодиров ва Дилдора Обидова фарзандони худро Сомон, Раҳмон ва Малика ном кардаанд.

Хабаргузории “Ахбор” аз қавли расонаҳои дигар хабар дод, ки сокини 22-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Дилдора Обидова ахиран дар таваллудхонаи ин шаҳр сегоник ба дунё овардааст. Анастасия Шарипова, духтури гинекологи навбатдори таваллудхонаи Бӯстон гуфтааст, ки «навзодҳо ва модари онҳо каме қувват гирифтанд ва ҳоло дар палатаи оддӣ қарор доранд. Аз ин сегоник бо вазни аз ҳама зиёд – 2 килову 400 грамм духтар ба дунё омад ва ду писар бо вазнҳои 2 килову 200 грамм ва 1 килову 820 грамм. Вазъи саломати кӯдакон ва модарони онҳо ҳоло мӯътадил аст.”

Худи модари хушбахт Дилдора Обидова аз табибони ин бемористон Фирӯза Аминова ва Муҳаббат Ҳайдарова, ки дар вақти таваллуд бо ӯ будаанд, изҳори сипос кард ва гуфт: «Як рӯз пеш раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ҳам аз мо аёдат кард. Ӯ таваллуди сегоник дар оилаи ҷавони мо дар Соли ҷавононро як аломати хуб номид. Каме калонтар шаванд, мо онҳоро дар аробачаҳое, ки раиси шаҳр ба мо тӯҳфа кард, ба сайругашт хоҳем баровард.”

Дилдора Обидова гуфт, фарзанди аввали онҳо Самир сесола шудааст ва «ману шавҳарамНаимҷон Қодиров мунтазири писар будеем. Бубинед, ки Худованд ба мо якбора се фарзанд дод! Дар шӯрои оилавӣ қарор кардем, ки сегоникҳоро Сомон, Раҳмон ва Малика ном бидиҳем.”

Дар Маркази саломатии репродуктивии шаҳри Бӯстон гуфтааанд, ки онҳо аз қабл медонистанд, ки Дилдора Обидова дар батнаш сегоник дорад.

Шаҳодатномаи таваллуди ин кӯдакони сегоникро дар як маросими тантанавии бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ба хонаводаи Наимҷон Қодиров ва Дилдора Обидова супурдаанд.

Ҳафиза Пӯлотова, мудири идораи сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и шаҳри Бӯстон дар ин маросим хитоб ба ин хонавода гуфт: «Таваллуди кӯдак худаш як хушбахтии бузург аст, ки оиларо, муҳаббатро ва ҳамдигарфаҳмиро дар оила мустаҳкамтар мекунад. Шумо се карат хушбахтед, чунки якбора соҳиби сегоник – Сомон, Раҳмон ва Малика – шудед! Бигзор ин кӯдакон сазовори ин номҳои баланд ба воя бирасанд ва дар зиндагӣ хушбахт шаванд!”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *