Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сомонаҳои бесомони Суғд

Дар Суғд аз 19 торнома ҳамагӣ 7-тоаш фаъол аст

Аз 19 торнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд айни замон танҳо сеякашон фаъолияти мунтазам доранд, яъне аз 19 торнома (18 сомонаи МИҲД-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 1 сомонаи вилоятӣ) ҳамагӣ 7 адад. Сабабро масъулин ба нокифоятии маблағ ва камбуди мутахассисон рабт медиҳанд. Чӣ бояд кард, то мушкили дастрасии мардуми маҳаллӣ ба иттилоот ҳалли худро ёбад? Ин саволест аз соли 2013 то имрӯз посухи худро наёфтааст. Шояд пурсиданиед, ки чаро аз маҳз аз соли 2013? Пас аз мутолиаи матлаб ба ин суоли худ посих хоҳед гирифт.

Берун ҳой-ҳой, дарун вой-вой
Тоҷикистон узви ҷудоинопазири ҷомеаи башарист ва бобати татбиқи сиёсати дохилӣ, ки низомаш эъмори ҷомеаи дунявию демократист, дар мавриди таҳкими ҳукумати электронӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Мисоли равшани он Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»”, ки соли 2003 ба тасвиб расида буд, инчунин таҳияи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Кишвари мо дар бобати татбиқи консепсияи мазкур тасмим гирифтааст, ки аз навъҳои мухталифи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлати худ самаранок истифода барад ва мушикилоти рӯзгори шаҳрвандонашро дар бахши хизматрасонии давлатӣ осон гардонад.
Вале дар қиболи ин пешравиҳои ба назар аёну ноаён камбуду норасоиҳо низ ҷой доштаву пешорӯйи мардуманд. Яке аз ин мушкилот ин дар замони техникаву технологияи навин то ҳол фаъол ва дастрас набудани сомонаҳои МИҲД-и шаҳру навоҳии вилояти Суғд мебошад. Зеро ҳанӯз 3 сол қабл аз ин, соли 2012 аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Кова” барои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сомонаҳои иттилоотӣ таҳия гардида, дар шабакаи интернет ҷойгир ва фаъол карда шуда буд. Он замон изҳори умед карда мешуд, ки акнун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сомонаҳои худро фаъол намуда, доир ба дастоварду пешравиҳои шаҳру ноҳияи худ ба ҷомеа маълумот мерасонанд. Вале аз оғози таъсисёбӣ ва фаъолгардонӣ танҳо сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд (www.khujand.tj), Гулистон (собиқ Қайроққум) (www.kairokkum.tj), Бӯстон (собиқ Чкалов) (mihd-chkalov.tj), Конибодом (www.konibodom.tj) фаъол буда, ба таври муназзам иттилоот пешниҳод мекунанду халос. Аммо аз дигар сомонаҳои МИҲД-и шаҳру навоҳиии вилоят ба қавле “ном ҳасту нишон нест”. Мисоли рушани ин ин “нестӣ”-ро метавон дар вебсайтҳои навоҳии Мастчоҳ ва Деваштич дид.
Оё мардум огоҳ аст?
Барои фаҳмидани сатҳи огоҳии мардум аз мавҷудияти сомонаҳои мақомоти маҳаллӣ, охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ як назарпурсиро дар 2 гурӯҳи фейсбукӣ – «Хуҷанд – шаҳри ман» (зиёда аз 9000 иштирокдор) ва «Хуҷандро дӯст медорам» (беш аз 11600 иштирокдор) ҷойгир кардем. Бо овардани номгӯйи торнамоҳои фаъол, пурсиши мо ба забонҳои тоҷикию русӣ аз корбарон чунин буд:
«Муҳтарам фаъолони гурӯҳ! Лутфан, ба ин суол посух диҳед: Шумо аз кадом торнамо (сайт)-ҳои айни замон фаъоли мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилояти Суғд истифода мекунед?”
Дар маҷмӯъ аз шумори иштирокдорони ҳар ду гурӯҳи фейсбукӣ 58 нафар овоз додаанд. Зимнан, яке аз корбарони интернетӣ дар номгӯйи торнамоҳои фаъоли мақомоти вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии он сатри «аз ягонтааш» (имло бетағйир, ба манзури «Ҳеҷ кадом»)-ро илова кард, ки теъдоде аз иштирокдорони гурӯҳ ҷонибдори ин мавқеъ шуданд.

Мушкилот дар асри фанноварӣ
Музаффар Юнусов, сухангӯйи раиси вилояти Суғд, фаъол набудани аксари торнамоҳои расмии маҳаллиро ба мушкили молӣ ва камбуди мутахассисони варзида рабт медиҳад. Вай бар ин назар аст, ки роҳандозии сомонаҳои иттилоотӣ дар сохторҳои давлатӣ як ҷузъи муҳими ҳукумати электронӣ маҳсуб ёфта, он ҳамчун пуле миёни ҷомеа ва мақомоти давлатӣ буда метавонад. Аммо Юнусов дар баробари ин нигаронӣ аз он изҳори хушнудӣ мекунад, ки дар вилояти Суғд барои таъсиси сомонаҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ корҳои назаррасе ба сомон расонида шудааст. Ва сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд http://sugd.tj/ чанд сол инҷониб ба махзани иттилооти расмӣ табдил ёфтааст ва дар он ҳамарӯза хабару гузоришҳо, фоторепортажҳо, гузоришҳои видоеӣ ва дигар маводи рӯзмарра ба нашр мерасад.

Ҳамзамон, Маҳмудҷон Дадобоев, котиби матбуотии шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, ки асри XXI қарни технологияи иттилоотӣ аст ва имрӯз наметавон бо васоити куҳнаи таъсиррасонӣ ба хонаҳои мардум роҳ ёфт. Ба андешаи ӯ мардум бояд дар баробари дастрасӣ ба иттилоот роҷеъ ба масъалаю муаммоҳое, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, тавассути сомонаҳои интернетӣ посух бигиранд.

Аз супориш то амал
Ҳанӯз 3 сол қабл собиқ муовини раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов дар як мулоқоташ бо рӯзноманигорон аз фаъол набудани торнамоҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори нигаронӣ кард: «Ҳамчун масъули ҳамин самт ҳисоб мекунам, ки кори мо имрӯз дар масъалаи таъсиси сомонаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст. Тамоми фишангҳоро истифода бурдем. Гумони банда ҳамин аст, ки дар ин ҷо омили тарс ҳам вуҷуд дорад – аз тарафи шахсоне, ки намехоҳанд имрӯз сомонаи мақомоти иҷроияи ин ё он шаҳру ноҳияро таъсис диҳанд».
Зимнан, Сангинов ба масъулин супориш дода буд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсис додани ҳукумати электронӣ» то охири соли 2013 сомонаҳои расмии ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғдро фаъол созанд. Аммо ба назар мерасад, ки масъулини сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, бахши идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо то ҳанӯз аз нақши таъсиррасони васоити электронии ахбор мақсаднок истифода намекунанд. Мисоли чунин ҳолат ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) аст, ки зиёда аз 140 ҳазор аҳолӣ дорад, вале торнамои расмияш аз соли 2013 инҷониб бо навиштаи «Санҷиши техникӣ» фаъол нест.

Рафоат Каримова, муовини аввали раиси ин ноҳияи Деваштич, сабаби фаъол набудни сомонаи МИҲД-и ноҳияро ба набудани кадрҳои соҳавӣ ва камбуди маблағ марбут медонад. Вақте аз ӯ пурсон шудем, ки шумоён (кормандони МИҲД-и ноҳия) мактубҳои расмиро бо МИҲД-и вилоят чӣ гуна доду гирифт мекунед, номбурда иброз дошт, ки ба воситаи сомонаи шуъбаҳои алоҳида. Дар шароити кунунии рушди технологиҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва хизматрасонии интернетӣ, ки маҷмӯйи технологияҳои пешрафта маҳсуб меёбад, намедонам то куҷо фаъол набудни сомонаҳои МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо боварии мардумро ба ҳукумат ба ноил мешавад?
Бефаъолии торномаҳо + кор аст ё – он?
Суҳроб Ниёзов, коршиноси фанновариҳои иттилоотиву иртиботӣ мегӯяд, ки пеш аз оғози фаъолияти сайтҳо бояд нақшабандӣ кард ва заминаи кадрию техникиро фароҳам сохта, бо мутахассисон дар ин самт ҳамкории зич ба роҳ монд. Ҳамзамон, хароҷоте, ки ин сайтҳо талаб мекунанд, бояд рӯйпӯш карда шавад, то фаъолияташон қатъ нагардад.

Дар замони рушди фанновариҳои навин мавҷуд ва фаъол будани торнамоҳои мақомоти давлатӣ заминаи дастрасии мардум ба иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва таъмини шаффофияти кори масъулин буда, қадами устувор дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ мебошад. Вале фаъол набудани он чӣ? Ё ин ҷо гумони собиқ муовини раиси вилоят, ки “дар ин ҷо омили тарс ҳам вуҷуд дорад – аз тарафи шахсоне, ки намехоҳанд имрӯз сомонаи мақомоти иҷроияи ин ё он шаҳру ноҳияро таъсис диҳанд”.
Фарзонаи Муродӣ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.