Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сомонаи olympik.tj боз фаъол шуд

Сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – olympik.tj, ки аз 26 январ то 30 марти соли равон ягон иттилоъ намерасонд, пас аз интихобу таъиноти роҳбарияти навини КМОТ боз ба фаъолият шурӯъ намуд.

Хабари тозае, ки пас аз таваққуффи думоҳа сомонаи olympik.tj манзури алоқамандонаш намудааст, “Варзиш – соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” мебошад. Сухан дар бораи китоби рӯзноманигори ҷавон Шодихони Назар таҳти ҳамин унвон бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ ба табъ расондааст, меравад.

Китоб маҷмӯи мақола ва мусоҳибаҳои муаллифро дар бар мегирад, ки бо ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ, варзишгарони барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як сол дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расидаанд. Ҳамчунин, дар аввали китоб муаллиф зери сарлавҳаи “Мафҳуми варзиш дар шинохти Пешвои миллат” иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши варзиш дар таъмини ҳаёти солим ҷамъоварӣ кардааст.

Муаллиф дар китоб бо мутахассисону варзишгарони кишвар суҳбат ороста, фазои варзиши Тоҷикистонро дар се марҳила: пеш аз Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия-2016, давраи Олимпиада ва баъди Олимпиада инъикос намудааст. Китоби “Варзиш – соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” бо теъдоди 300 нусха ба нашр расида, ба ҳаводорони соҳаи варзиш пешбинӣ шудааст.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.