“СПИТАМЕН БОНК” – РӮ БА СӮИ ИНКИШОФ

Дар омад-омади 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тасмим гирифтем, ки бо яке аз мутахассисони боистеъдоди соҳаи бонкдории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини аввали раиси Раёсати ҶСП «Спитамен Бонк» Умедҷон Сафаралиевич Ҳикматов доир ба вазъи иқтисодӣ ва фаъолияти бонки зикргашта ҳамсуҳбат шавем.

— Аввалан мехостем саволеро, ки аксарият мехоҳанд ҷавобашро донанд, бигузорем. Буҳрони иқтисодӣ боиси нигаронии корхонаҳо, аз ҷумла бонкҳо гаштааст. “Спитамен Бонк” барои пешгирии хатарҳои ин буҳрон чӣ чораҳо меандешад?

-Албатта вазъияти буҳроние, ки айни ҳол вуҷуд дорад, масъалаи мубрами рӯз аст ва хатарҳои иқтисодии он сабаби изтироби роҳбарони ширкатҳо, корхонаҳо ва, умуман, аҳолии кишвар гаштааст. Лекин набояд аз хотир баровард, ки чӣ тавре мегӯянд “зиндагӣ пастиву баландӣ дорад”, яъне, ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо ин яке марҳилаҳои бозори озод аст. Барои зудтар гузаштани ин марҳила, гумон дорам, бояд тамоми ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳад. Бояд гуфт, ки “Спитамен Бонк” аллакай чанде пеш нақшаи кор бурданро дар замони буҳронӣ дошт ва ба он тайёрӣ медид – ин табиист, ки ташкилоти тиҷоратӣ, ҳадди аққал, барои панҷсолаи оянда натанҳо якто, балки ду ё се нақша бо назардошти вазъияти гуногун дошта бошад.
Имрӯз мо асоснок будани нақшаву тайёриҳои худро санҷида истодаем ва мебинем, ки “Спитамен Бонк” дар марҳилаи рушди устувор қарор дорад. Ҳамарӯза ҳисоби мизоҷони мо зиёд мегардад, ки инро мо далели боварии мизоҷон меҳисобем. Умуман, мо чунин замонаро ҳамчун такягоҳ барои мустаҳкамтар кардани мавқеи бонк дар бозор ҳисоб менамоем, чунки имкониятҳои нав ба нав пайдо мешаванд. Мо тамоми қувваро бар он харҷ менамоем, ки дар замони буҳронӣ ҳамчун бонки устувор шинохта шуда, маҳсулоту хизматрасониҳоямон ба тамоми мардуми кишвар дастрас гарданд.
— Айни ҳол “Спитамен Бонк”, байни мардум, яке аз бонкҳои устувору мустаҳкам ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки чунин андеша баъд аз истифодаи хизматрасониҳои бонк ба миён меояд. Бинобар ин, мехостем бифаҳмем, ки чӣ гуна хизматрасониҳо доред?

-“Спитамен Бонк”, нисбатан, ташкилоти ҷавон аст, вале ба ин нигоҳ накарда, натанҳо хизматрасониҳои зиёд пешниҳод менамояд, балки дар раванди ташаккули маҳсулоту хизматрасониҳои нав ҳам қарор дорад. Барои мисол, чанде пеш мо маҳсулоти навро бо номи қарзи ипотекӣ, бо фоизҳои дастрас, пешкаши мизоҷонамон кардем. Агар тамоми маҳсулоти бонкиамонро номбар кунем, вақти зиёдро мегирад, метавон гуфт, ки аксарияти маҳсулоту хизматрасонии заруриро мизоҷон дар бонки мо ёфта метавонанд.

-Мизоҷони шумо киҳоянд? Ба кӣ бештар диққат медиҳед?

-Мақсади мо – фаро гирифтани тамоми табақаҳои аҳолии мамлакат мебошад. Ҳадафи мо дар он аст, ки мардуми Тоҷикистон ба маҳсулоту хизматрасонии бонкии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯйбуда дар тамоми минтақаҳои кишвар дастрасӣ дошта бошанд. Мо маҳсулоту хизматрасониҳоро ҳам барои аҳолӣ, ҳам барои тиҷорати калон, ҳам барои тиҷорати хурду миёна пешниҳод менамоем. Диққати асосии моро сифати маҳсулот ва дастрас будани он ҷалб менамояд ва ин яке аз ҷонибҳои аввалиндараҷаи кори мо ба ҳисоб меравад.

-«Спитамен Бонк» бо хориҷа чӣ ҳамкориҳо дорад?

-Мо бо бонкҳои хориҷа ҳамкории зич ва манфиатнок дорем, чунки ин барои рушди тиҷорати байналмилалӣ зарур аст. Мизоҷони мо метавонанд дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон аз хизматрасониҳои шариконамон истифода баранд ва, баръакс, ба мизоҷони шариконамон дар Тоҷикистон мо хизмат менамоем. Ғайр аз ин, бо ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои информатсионӣ ва молиявӣ ҳамкорӣ дорем, ки ин барои бурдани фаъолияти бонкии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй муҳим аст.

— Бартарии кор бо «Спитамен Бонк» дар чӣ дида мешавад? Стратегияи кори бонк барои ҷалби мизоҷон чӣ гуна аст?

-Ҳангоми коркарди стратегияи фаъолият, сохтани нақшаҳои корӣ, яке аз вазифаҳои кормандони мутасаддӣ дар маълум кардани талаботи мизоҷон дида мешавад. Бонк ҳаракат менамояд, ки то ҳадди имкон он талаботро қонеъ гардонад. Ин дар шаффофияти раванди кории бонк, дар пешниҳоди маҳсулоти нав, беҳтар кардани шароити маблағгузорӣ, тарофаҳои нави хизматрасониҳо зоҳир мегардад. Масалан, аввали тобистон мо талаботу хоҳиши мизоҷонро ба инобат гирифта, фоизҳои қарзҳоро паст кардем.
Барои мо раванди доимии баландсозии сифати маданияти бонкӣ аҳамияти зиёд дорад. Аз ин сабаб, дар тамоми нуқтаҳои бонкиамон сиёсати ягонаи фаъолият пеш гирифта шудааст ва дар ҳамаи онҳо ба мизоҷон бо сифати баланд хизмат расонида мешавад. “Спитамен Бонк” мудом дар пайи беҳтарсозии шароитҳои расонидани хизматрасониҳо мебошад. Мақсад дар ҳамин аст – пешниҳоди маҳсулоту хизматрасонии дастрас ба ҳамаи мизоҷон ва дар тамоми минтақаҳои кишвар. Ба ҳамин ҳадаф равонем.

-Фарз кардем, ки ман дар даст маблағе дорам ва мехоҳам онро пасандоз намуда, фоида ба даст биёрам. Бо кадом далел бояд пасандозамро дар «Спитамен Бонк» гузорам, на дар бонки дигар?

-Пеш аз пасандоз гузоштан, шахс бояд муайян созад, ки бонк дар кадом ҳолати молиявӣ қарор дорад, оё устувор ҳаст ё не, фоизҳояш дар кадом сатҳ қарор доранд. Баланд будани фоизҳои пасандозҳо на ҳама вақт дар бораи хуб будани ҳолати ташкилоти молиявӣ гувоҳӣ медиҳад, балки баръакс ҳам буда метавонад.
Имрӯзҳо амонатгузорон бонкеро интихоб менамоянд, ки устувор бошад ва ба нопойдории буҳрон тоқат оварда тавонад. Фоизҳои пасандозҳои “Спитамен Бонк” ба талаботи бозор ҷавобгӯй буда, таъмини амнияти пасандозҳо дар сатҳи баланд қарор дорад. Чӣ хеле ки дар боло зикр намудед, бонки мо яке аз бонкҳои устувортарин ба шумор меравад.

— «Спитамен Бонк» ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро бо кадом дастовардҳо пешвоз мегирад?

-Мо мунтазам дар раванди рушду пешравӣ мебошем. Яке аз дастовардҳои охирини бонк – ин кушодашавии бинои нави сеошёнаи филиаламон дар шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад, ки дар он аз 50 то 60 нафар корманд метавонанд фаъолият барад. Тавре ки хабар доред, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба вилояти Хатлон, ба маросими кушодашавии бинои нав, рӯзи 25-уми августи соли ҷорӣ, ташриф оварданд, ки аз ин мо хеле шод будем. Бинои нав аз тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидааст ва дар макони барои мизоҷон муносиб қарор дорад.

— Бонк, ғайр аз фаъолияти тиҷоратӣ боз чӣ корҳоро анҷом медиҳад?

-Роҳбарияти “Спитамен Бонк” бар он ақида аст, ки доштани ҳадафҳои танҳо тиҷоратӣ кофӣ нест. Ташкилоту ширкатҳо инчунин бояд барои ҷомеа хизмат намоянд, дар пешрафти мамлакат иштирок кунанд. Барои мисол, мо дар гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоӣ, ободонии шаҳру ноҳияҳо саҳми худро мегузорем. Ғайр аз ин, бо мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявӣ барномаҳои гуногунро дар ин соҳа мебарем ва дастгирӣ менамоем. Бояд гуфт, ки мо ба масъалаи баландбардории саводнокии молиявӣ диққати махсус дорем, чунки аз саводнокии молиявии мардум, беҳбудии он, пешрафти иқтисодиёт ва умуман рушди мамлакат вобаста аст.

-Умедҷон Сафаралиевич, бисёр хуб мешуд, агар ба хонандагони мо дар охири суҳбатамон як-ду ҷумла дар бораи худ маълумот медодед.

-Зодаи шаҳри Душанбе ҳастам. Фаъолияти меҳнатии худро дар Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассис оғоз намудам. Тӯли 13 соли охир дар системаи молиявию қарзӣ фаъолият карда истодаам. Аз соли 2009 то соли 2015 дар яке аз бонкҳои шинохтаи Қирғизистон ба ҳайси роҳбари минтақавӣ адои вазифа намудам. Дар “Спитамен Бонк” аз моҳи октябри соли гузашта ҳамчун муовини аввали раиси Раёсат фаъолият мекунам.
Агар дар бораи таҳсилот сухан ронем, соли 2001 Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизматро хатм кардам. Соли 2006 рисолаи номзадиро дар мавзӯӣ «Муаммоҳои ташаккулёбии муҳити соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя карда, унвони номзади илмҳои иқтисодиро ба даст овардам. Баъдан, дар 32- солагиам дар Қирғизистон, дар Шӯрои диссертатсионие, ки дар назди Донишгоҳи славянии Русияву Қирғизистон (соли 2012) рисолаи доктории худро ҳимоя карда, унвони доктори илмҳои иқтисодиро сазовор гаштам. Инчунин, хатмкардаи Мактаби олии бонкдории Амрикои назди Донишгоҳи Пенсилвания ҳастам. Падари ду фарзандам.
-Дар арафаи ин иди бузурге, ки дар пеш истодааст, агар ягон гуфтание дошта бошед….

-Ҳамватанонро бо ин иди бузург, иди барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддас, муборакбод гуфта, орзу дорам, дар хонадони ҳар як шаҳрванди ин мамлакат, ҳамеша хурсандиву хушбахтӣ ҳукмрон бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *