Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суғд: Буҷавиҳо ба пахтачинӣ мераванд?

Аз оғози моҳи сентябр дар бештари шаҳру навоҳии вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии ҳосили пунбадона оғоз гардид.

Ҳоло дар вилоят Ситоди “Пахта–2020” таъсис ёфтааст, ки раванди ҷамъоварии ҳосили пахтаро назорат мекунад.

Дар бораи он, ки оё имсол табибону омӯзгорон ба пахтачинӣ сафарбар мешаванд ё не, Ситод маълумот надодааст.

Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳар сол дар ин мавсим кормандони соҳаи буҷавӣ ба пахтачинӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳарчанд мақомот ҷалби онҳоро кӯмаки ихтиёрӣ шарҳ медиҳанд, аммо омӯзгорону духтурон мегӯянд, ки ин “супориши роҳбарият аст”.

“Беҳтараш ба маъракаи пахтачинӣ нафарони бекор фиристода шаванд, зеро онҳо барои ба даст овардани даромад ҳавасманд ҳастанд”-гуфтанд онҳо.

Амони Муҳаммад

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.