Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суғд: Фавти марди 60-сола ва карантини шадид шудани 11 табиб

Пас аз фавтидани як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифт. Хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Гуфта мешавад, ки наздикони беморе, ки рӯзи 31-уми март бо ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония фавтид, танҳо ҳоло эътироф кардаанд, ки ӯ аз Қирғизистон баргашта буд.

Бино бар маълумоти манбаъ хабари фавти бемор ва ҳамчунин карантин шудани Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расуловро чанд манбаъ, дар ниҳодҳои тандурустӣ ва умури дохилӣ ба шарти ифшо нашудани номашон тасдиқ карданд. Вале то ҳол мақомоти расмӣ дар ин маврид ҳеҷ иттилое надодаанд.

Сокинони маркази ноҳия, шаҳраки Меҳробод (Пролетари пешина) низ гуфтанд, ба онҳо дастур дода шудааст, ки дар 14 рӯзи оянда ба бемористонҳои дигар муроҷиат кунанд.

Аз худи бемористон ягон табибу парастор ё бемор ва ҳатто заноне, ки чанде пеш таваллуд кардаанд, ҳаққи берун омадан надоранд. Қабули беморон ва аёдаткунандагон манъ аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.