Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суғд: Мард ҳамсарашро буғӣ карда кушт

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мард ҳамсарашро буғӣ намуда ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда, рӯзи 6-уми декабри соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш, зани 53-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол намуда, бо дастонаш ӯро буғӣ намуда ба ҳалокат расонидааст”, – омадааст дар иттилоия.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.