Суҳбат бо Фотима Ғуломова пеш аз марг (Видео)

Потенсиале, ки истифода нашуд, дар орзуи нақши Ҷулета, сабаби унвон нагирифтан, нақшҳову нақшаҳои нав ва як каф дуо аз мавзӯоте буданд, ки бо ҳунарпешаи номдори театру синамо Фотима Ғуломова соли гузашта хабарнигори сомонаи Pressa.tj суҳбат карда буд.

Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов ва  модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов рӯзи якуми март дар Душанбе вафот кард. 

Маросими видоъ бо Фотима Ғуломова рӯзи 2-юми март дар назди хонааш баргузор шуд. Ҳанӯз аз субҳи 2-юми март дар назди бинои истиқоматии равоншод Фотима Ғуломова дар баробари хешону наздикон, инчунин намояндагони илму адаб ва фарҳанги кишвар ҳузур доштанд. Чанде аз ҳамкорону ҳамсабақон аз хидматҳои ӯ барои рушди театру синамои тоҷик ёд оварданд.

Нахуст Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир сухан кард:

— Имрӯз бо ғаму дарди бепоян боз як шаҳсутуни фарҳангу миллати тоҷикро ба роҳи охират гусел мекунем. Дар миёни 40 рӯзи охир 3 намояндаи асили фарҳангу театри мо Ҳабибулло Абдуразоқов, Носир Ҳасанов ва инак, апаи азизу ғамхори мо Фотима Ғуломова.

Ман ҳанӯз тифли хурсол будам садои апаи Фотимаро тариқаи радио аз барномаи “Хоби ширин хуртаракон” мешунидам ва ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳад.

Дар идома яке аз ҳамкурсони Фотима Ғуломова Турахон Аҳмадхонов чунин гуфт:

— Дар 40 рӯз се ҳамкурси ман моро ба як борагӣ тарк карданд. Дар болои тобути он ду нафар гуфта будам, ки зиқ нашавед, ман пешатон меоям ва ҳоло ҳам мегӯям, ки Фотимаҷон наздат меоям.

— Тамара Абдушукуновна, ҳамкурси дигари Фотима Ғуломова аз солҳои ҳамкурсӣ ва ғамхориву дилсофии марҳум гуфт:

— Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки болои тобути ҳамкурси азизам, дугонаи беҳтаринам рост истода гап мезанам. Дар дили Фотимаҷон ягон қатра бахилӣ ва бадбинӣ набуд. Мо розшунаву розкушои якдигар будем. Дар ин лаҳзаҳо бисёр душвораст чизе гуфтан.

Дар охири маросими видоъ Исфандиёр Ғуломов аз омадану ғамшарик будани аҳли илму адаб изҳори ташаккур карда, майитро бо қарсакҳои баланд ба оромгоҳ бурданд.

Хонаводаи ӯро дар Тоҷикистон оилаи ҳунарпешагон меноманд. Писараш Барзу Абдураззоқов аз коргардонҳои маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпеша ва коргардони театру кино аст. Хоҳараш Соҷида Ғуломова аз коргардонҳои машҳури телевизиони Тоҷикистон буд.

Фотима Ғуломова тақрибан шаст сол дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе кор карда, дар даҳҳо намоишу филмҳои тоҷикӣ нақш бозидааст. Аз ҷумла, тӯли ин солҳо дар намоишнома ва филмҳое ба монанди «Рӯдакӣ», «Духтари бебисот», «Камбағалӣ айб нест», «Сароби хунин», «Рустам ва Сӯҳроб», «Имтиҳон», «Бой ва ғулом», «Шоҳ Лир»… ва «Мо аз боми ҷаҳон» нақшҳои калидиро бозидааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *