Суҳбати ошкоро бо актёр Некқадам Шоҳназаров: аз оромгоҳи ҳунармандон то рафтани зиёиён

Меҳмони навбатии барномаи “Корзина”-и Ютубканали Pressa.tj ҳунарманди театр ва синамо Некқадам Шоназаров буд. Мо бо эшон доир ба зиндагии шахсӣ, фаъолият дар театру синамо, даромадҳо аз дубляжи филмҳои туркӣ ва мавқеи иҷтимоиву фарҳангияш суҳбат кардем, ки дар зер фишурдаашро мутолиа кунед.

 “Парасту” ба ҷойи Pepsi

— Бо ду ҷумла, ду ҳафтаи охири умратонро шарҳ диҳед.

— Ду ҳафтаи охир хеле хуб сипарӣ шуд. Дар ин муддат дар Душанбе ҷашнвораи театрии “Парасту-2021” баргузор шуд ва намоишҳои бисёреро тамошо кардем. Аз аз саҳар то шом дар театр будем ва баъд аз хотима ёфтани ҳар намоиш бо дӯстон баҳсҳо доштем…

-Шумо дар саҳифаи фейсбукиятон навиштед, ки дар банерҳои шаҳрӣ ба ҷойи Coca-Cola ва Pepsi бояд ҷашнвораи “Парасту” тарғиб шавад…

— Бале, зеро “Парасту” дар ду сол як маротиба доир мегардад ва бадбахтона, ниҳоят кам тарғиб мешавад. Масалан, вақте ки мо Русия рафтем, ним сол пеш афишаҳои намоишҳоямон дар таблоҳои рекламавӣ насб шуда буданд, аммо дар мо ин ҷашнвораи муҳимро тарғиб намекунанд. Албатта, ин корро бояд Вазорати фарҳанг анҷом диҳад.

“Вот это Президент”

— Бахшиш барои густохӣ, аммо вақте барои омода шудани суҳбат шабакаҳои иҷтимоии шуморо ҷустуҷӯ кардам дар навиштаҳоятон хатогиҳои имлоиву услубӣ зиёд дидам. Бигӯед, ки дараҷаи забони тоҷикиро донистани шумо ҳамин қадар аст ё саросемаву вақтҳои ноқулай менависед?

— Ин аз беаҳамиятӣ аст. Бештари онҳоро ман ҳангоми дар мошин буданам менависам. Ва худам низ аҳамият медиҳам, ки хато менависам. Баъзан, дар хона онҳоро ислоҳ мекунам. Вале Худо ба шукр, ки ман забони тоҷикиро хеле хуб медонам ва агар ҳозир аз ман диктант гиранд, шояд ман баҳои 5+  гирам.  Афтидани ҳарфҳо ё ғалат будани ҷумлаҳо барои ман он қадар аҳамият надоранд, муҳим дардамро ба мардум расондан аст, зеро ҳар чизе ки менависам, дарду аламанд ва бояд ҳар чи тезтар нашр шаванд.

— Чун сухан аз “пост”-ҳои шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ рафт як чиз ба ёдам расид. Шумо табрикоти солинавии Владимир Зеленский, президенти Украинаро дар саҳифаи худ бознашр карда, дар шарҳ  “Вот это Президент” навиштед. Кадом сухан ва ё рафтори ӯ ба шумо писанд омад?

-Президенти Украина дар табрикоти солинавияш бисёр озод буд ва аз рӯи варқ гап намезад. Тамоми сохторҳоро мазамат кард. Сабаби дигар он аст, ки ӯ санъаткор аст ва санъаткорон хеле шахсони нозуканд ва дарди ҷомеаро беҳтар эҳсос мекунанд.

-Агар аз дастатон ояд кадом проблемаҳои ҷомеаро ҳал мекунед?

— Ду-се бинои баландошёна сохта, барои ҳунармандони театру синамо, ки умри худро сарфи ин пеша кардаанду бехонаанд, хона медодам.

Оромгоҳи ҳунармандон

— Солҳои 2020-21 бисёре бузургонамонро аз мо бурд. Охирин бор барои марги кӣ гиристед?

— Чанд рӯз қабл, ҳамкор ва дӯсти наздикам Назирмад Мусоев аз олам даргузашт, ки дар маргаш хеле гиристам.

— Шумо пас аз фавти Назирмади Мӯсо ба Вазорати фарҳанг ва Мақомоти шаҳр пешниҳод кардед, ки барои аҳли фарҳанг қабристони алоҳида бунёд кунанд. Оё вокунише гирифтед?

— Ягон натиҷа нашуд. Агар росташро гӯям аз соли 2020 ин идеяро доштем ва мехостем, ки монанди дигар давлатҳо мо ҳам барои гӯронидани ҳунармандонмон як макони алоҳида дошта бошем. Вале мутаасифона то ҳол хоҳиши мо иҷро нашудааст.

— Пешниҳоди дигари Шумо таъсиси ҳаракати волонтёрон аз ҷониби ҳунармандон аст. То куҷо ҷомаи амал пӯшид?

— Бисёре аз дӯстонам аз минтақаҳои гуногуни кишварамон гуфтанд, ки идеяи олист ва мо тайёрем, ки ба шумо кӯмак кунем. Вале мутахассисон фаҳмониданд, ки ин кори осон нест, зеро барои ташкил кардан макони муайян доштан лозим аст, ки вохӯриҳоямонро дар онҷо гузаронем.

Ман ҳам меравам…

-Солҳои охир фарҳангиёни мо муҳоҷир мешаванд, тарки ватан мекунанд. Сабаб чист?

— Сабаби асосӣ албатта кам будани маош ва набудани ҷой кор аст. Барои мисол, худам як замон дар донишкада устод будам ва ба гурӯҳе дарс медодам. Бачаҳои фаъол зиёд буданд. Вақте ки курси панҷумро хатм карданд, ба театрҳо барои кор муроҷиат карданд, вале мутаасифона, аксарашон кор наёфтанд. Дар натиҷа бештаринашон муҳоҷир шуданд. Вақте ки ба Руссия гастрол рафта будем, онҳоро дидем, ки бо чашмони пурашк ба мо нигоҳ карда гуфтанд, ки устод мо ҳам мисли шумо ҳунарманд шуданӣ будем, вале…  

-Шумо ҳам фикри рафтан доред?  

— Бале, хело вақт аст, ки рафтаниям, вале аҳли оилаву наздиконам зид ҳастанд. Лекин азмам қатъист, меравам.

— Зиёиёни мо зиёд меноланд…

— Ин чиз буду ҳаст ва мемонад.  Сабабаш, рақобати носолим, рашку ҳасад ва нотавониву нотавонбинӣ аст.

— Шумо ҳам менолед?

— Бале. Чунки бо вуҷуди фаъол будану шабурӯз кор кардан фазои хуб, шароити хуб надорем.

-Барои ҳунарманд доштани унвон муҳим аст?

— Бале, унвонро дар замони мо он ҳунармандоне, ки арзандаанд бояд гиранд, вале ин афсӯс ин тавр нест.  

Сиёҳу сафеди филмҳои туркӣ

 — Дар мо ҳанӯз ҳам аз иҷборан ба тетарҳо бурдани хонандагону донишҷӯён интиқод мекунанд. Чаро чунин аст?

— Бояд бавоситаи назарпурсиҳо дар миёни ҷомеа табъу завқи тамошобинонро фаҳмид ва ба хости онҳо намоишҳо тайёр кард. Ногуфта намонад, ки иҷборӣ бурдани бачаҳо тарафи мусбат ҳам дорад. Зеро ман нафаронеро мешиносам, ки баъди иҷборӣ омадан,  тамошобини ҳамешагӣ шуданд.

— Дар ҷомеаи мо филмҳои туркиро ҳам мебинанд ва ҳам танқид мекунанд. Шумо нафаре ҳастед, ки дар дубляжи филмҳо бисёр иштирок мекунед, дар ин масъала чӣ назар доред?

— Ин баҳс бисёр доманадор ва ба фикрам тамомнашаванда аст. Вале бояд бигӯям, ки гарчанде ҳамаи филмҳои онҳо хуб набошанд ҳам, дар миёнашон ва, хусусан, тарҷумаву дубляжкардаҳои мо хубанд.

— Се то чунин филмро номбар кунед.

-Силсилафилмҳои  “Ҳомиён”, “Сарбоз” ва “Қавл”.

— Чанд фоизи даромадантон аз дубляж аст?

— 70%.

Нишони модар

— Чаро дар википедияи тоҷикӣ дар мавриди шумо маълумот нест?

— Намедонам, ростӣ бо Интернет зиёд дустӣ надорам.

  • Чӣ кор кардаед, ки бо он фахр мекунед?

— Зиёд хизмат кардаам ва фахр мекунам.

Шунидам, ки мӯйи сари модаратон ҳамеша бо шумо аст

— Албатта, ҳоло дар ҷузвдонам аст.

— Чаро?

— Ман як умр ташнаи модарам, зеро аз муҳаббаташ сер нашудаам.  

Ин ҳама даводавҳо ба хотири чистанд? Фақат пул?

— Не. Он қадар пули калон ҳам ба даст намеорам. Таъриф ҳам шавад, бо дили пур мегӯям, ки ман қурбони касбам ҳастам. Баъзе вақтҳо корамро бе пурсидани маблағ низ иҷро мекунам.

— Кай бори охир ба ҷое барои истироҳат рафта будед?

— Ҳеҷ гоҳ.

— Зиндагӣ дар ин дунё душвор аст?

— Бале. Хеле душвор аст, зеро кафолат нест, ки ту саҳар бедор мешавӣ ё не… Барои он ки ҳар қадами мо “стресс” аст

— Чанд сол умр дидан мехохед?

— Чанд соле, ки Худованд худаш насиб карда бошад.

— Ба фикри шумо мардум дар сари қабри шумо чӣ мегӯянд?

— Ҳунарманди хубу шӯх буд.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *