Суғд: 73 ҳодисаи худкушӣ дар як сол. Омил чист?

Соли 2019 дар вилояти Суғд 73 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018 18 ҳодиса бештар аст.

Ба гуфтаи Мирзоқосим Каримов, сардори Раёсати кор ба ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд худкушии ҷавонон асосан дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Спитамен, Деваштич, Мастчоҳ, Истаравшан ва Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст.

“Барои аз байн бурдани ҳама намуди падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон мо дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти гуногун, аз ҷумла РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва дигар сохторҳо пайваста ҳамкорӣ карда истодаем, то ин гуна ҳодисаҳои нохуш ҷилавгирӣ шавад”, — зикр кард Каримов.

Таҳлилҳо ва омор нишон медиҳанд, ки дар вилояти Суғд ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон ва занону духтарон (дар баъзе маврид мардҳо) сол то сол тамоюли афзоиш дорад.

Маъмулан, ҷавонону наврасон ва занону духтароне, ки ба мушкилоти равонӣ ва хушунати оилавӣ дучор мешаванд, маҳз бо роҳи худовезӣ риштаи умри худро мекананд. Масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон, кор бо занон ва дигар сохторҳо сабабҳои зиёдшавии ин гуна ҳодисаҳоро дар бештари маврид ба “гирифтор шудани худкуш ба бемории руҳӣ” рабт медиҳанд.

Аммо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ин нуктаи назарро қобили қабул намедонанд. Онҳо набудани равоншинос ва шароити танги иқтисодӣ, ки дар бештари ҳолат сабаби муноқиша ва хушунати хонаводагӣ мегардад, яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани ҳодисаҳои худкушӣ медонанд.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *