Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суғд: Бахтиёр занашро дор кашид, вале…

14-уми апрел, тахминан соатҳои 8:00-и субҳ сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Бахтиёр Юлдошев ҳамсари 24 солааш Хонзодаро ба ҳалқаи дор овехт.

Ба гуфти ҷабрдида сабаби сар задани моҷаро пайдо шудани симкорт аз дохили мошини сабукрави шавҳараш Бахтиёр будааст.

Ҷабрдида чӣ мегӯяд?

Аз рӯзи аввали зиндагиамон шавҳарам ҳамеша бо ҳар баҳона маро лату кӯб мекард, вале ман “сари кафида зери тоқӣ” гуфта, сир бой намедодам, то зиндагиам вайрону сиёҳбахт нашавам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бар замми муштзӯрию дағалиаш шавҳарам боз духтарбоз ҳам буд.  Шабҳо ба хона дер меомад, баъзан субҳдам пайдо шуда, амр мекард, ки барои оббозӣ карданаш об монам. Албатта ман, ки зан ҳастам, рашк бурда, дарун ба дарун месӯхтам. Ҳамон саҳари шум низ Бахтиёр ба ман амр кард, ки мошинашро тоза шӯям, чунки вай ба ким-куҷо рафтанист. Ҳангоми шустани мошин тасодуфан аз бордонаш як симкорт пайдо кардам. Ҳисси кунҷковӣ ва рашк ақли маро тира гардонд, хостам симкортро ба телефонам монда фаҳмам, ки шавҳарам аз ин рақами пинҳонӣ бо кӣ чақ-чақ мекунад, вале ба даст афтидам. Бахтиёр балои аз осмон фаромадагӣ барин, якбора дар болои сарам пайдо шуд ва симкортро дар дасти ман дида, оташи қаҳру ғазабаш завлона зад. Вай симкортро аз дастам кашида гирифт ва маро мурданивор лату кӯб карда, баъд сарамро бо қайчӣ тарошиду “ман туро мекушам!” гӯён, зӯран ба гарданам ҳалқаи дорро овехта маро овезон кард. Умедамро аз зиндагӣ канда будам, вале шояд  дили худованд ба ҳоли кӯдаконам сӯхту муъҷизаашро нишон дод. Банде, ки шавҳарам маро бо он дор кашида буд, якбора канда шуд…”,- нақл мекунад ин ҷавонзани бо муъҷизаи офаридгор аз панҷаи аҷал раҳида ва оби дида мерезад….

dav

Саратро аз танат ҷудо мекунам!

Аз нақли Хонзода чунин бармеояд, ки шавҳараш пештар низ нисбат ба ӯ ҷабру зулм ва зӯровариро раво дида, ҷавонзанро бераҳмона лату кӯб мекардааст. Ду ҳафта пеш аз ин моҷаро бо сабаби рашк байнашон ҷанҷол бархоста, Бахтиёр занашро мурданивор зада будааст. Ҷавонзан  сахт лат хӯрда чанд рӯз аз ҷояш хеста наметавонад, вале Бахтиёри муштзӯр бо мақсади тарсондани ҳамсараш таҳдид карда мегӯяд: “Дониста мон, агар ба духтур равӣ ё ба хешу таборат даҳон  кушоӣ, саратро аз танат ҷудо мекунам!”

Аз тарси ҷон Хонзодаи сару рӯяш сиёҳу кабуд пояшро аз дар ба берун  нагузошта, бо усулҳои халқӣ худро табобат менамояд, вале…

Гӯсфанди кар

  Вақте мо аз Хонзода сабаби хомӯшона таҳаммул кардани мушту лагади шавҳарашро пурсон шудем, ҷавонзан оҳи сард кашида гуфт:

-Ду фарзандамон ҳаст, як рӯз не, як рӯз ақлаш медаромадагист гӯён,  мисли гӯсфанди кар хомӯшона ба ҳамааш тоқат мекардам, вале сабру таҳаммули ман меваи ширин ба бор наовард. Шавҳарам хомӯшии маро дида, тамоман аз худ рафт. Дилаш хоҳад, ба хона меомад, нахоҳад шабро дар оғӯши оимчаҳояш саҳар карда, танҳо баъди дамидани субҳ пайдо мешуд ва шарм надошта, ба ман амр мекард, ки барои оббозӣ карданаш об монам. Худатон фикр кунед, кадом зан ба чунин рафтори шавҳар тоқат мекунад?! Дар куҷо буданашро пурсам, қиёматро қоим карда, чунон ҳақоратҳои қабеҳ медод, ки забони ман ба такрор карданашон намегардад. Чанд бор ба хушдоманам гуфтам, ки писаратон ҳамеша соатҳои 1-2-и шаб ба хона меояд, охир шумо модар шуда як бор намепурсед, ки ҳой бача, ту дар куҷоҳо мегардӣ. Барои дили ман шуда, як рӯз дар ҳузури худам модараш пурсид, ки “Бахтиёрҷон, барои чӣ бевақт меоӣ?” Шавҳарам нағз медонист, ки модараш инро ҳамту дар омади гап пурсид, барои ҳамин бепарвоёна даст афшонда “кор дия-кор” гуфту монд. Падару модараш бепарво буданд, барои ҳамин Бахтиёр чӣ коре, ки хоҳад, мекард. Бовар мекунед, ҳатто ҳамон рӯзе, ки шавҳарам маро кашолакунон ба ҳаммом дароварда, сарамро кал кард ва зӯран ба гарданам ҳалқаи дорро овехта, маро куштанӣ шуд, хушдоманам “и-и-и бачам, чиба ин хел кардӣ?” гуфту баромада рафт…

Зӯрию пештозӣ

Ростӣ, то даме, ки хоҳараки ҷабрдидаам рӯймолашро кашида, сарашро нишон надод, мо гумон доштем, ки худи Хонзода гунаҳкор аст, чунки шавҳараш ҳама айбу гуноҳро ба гардани ӯ бор карда:  “телефонбозиша қапида тарсонданӣ шудам” гуфта, худашро сафед карда буд,-мегӯяд бародари Хонзода, Баҳодур Юлдошев.-Болои мурда сад чӯб гуфтагӣ барин, мо бехабар аз дарду доғи хоҳарам ҳамакаса ба ӯ часпидем, ки чаро ҳамон телефони зормонда ба дастат гирифта, хонаатро бо дасти худат вайрон кардӣ. Хонзода сарашро бо кафи дастонаш дошта, хомӯшона ба гапҳои мо гӯш мекард ва оби дидааш рӯяшро мешуст. Вақте ки ӯро зиёд тергав карда, ҷонашро ба лабаш расондем, якбора рӯймолро аз сараш гирифта фиғон кашид: “Бахтиёр дар ҳаққи ман туҳмати ноҳақ кард, ман ягон зарра гуноҳ надорам. Симкорти пинҳониашро ёфтам, барои ҳамин вай сари маро кал карда, маро дор кашида куштанӣ шуд, вале бо амри худованд банд канда шуд…” Бо шунидани ин гап лол монда гуфтем, ки ин тавр бошад, барои чӣ ту гуноҳро ба гардани худат гирифтӣ. Хоҳарам гиря карда гуфт, ки шавҳарам баъди сари маро кал кардан видеоро монда, маҷбур кард, бигӯям, ки ман телефонӣ бо як марди бегона гап мезадаму шавҳарам моро ҳангоми бо ошиқам суҳбат кардан дошта сарамро кал кард. Шояд бо ин кораш вай мехост худашро сафед кунад, то баъди марги ман мардум гумон кунанд, ки ба шармандагӣ тоб наоварда, худамро ба дор овехта куштаам….

Экспертизаи судӣ-тиббӣ чӣ мегӯяд?

Санаи 18-уми апрел Хонзода  Юлдошева бо шикоят аз дарди сар, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ ва беҳолӣ ба нуқтаи осебшиносии БМН Ҷ. Расулов  муроҷиат кард. Дар вақти азназаргузаронӣ  хунхобравӣ дар мавзеи сеяки болои рони рост аз сатҳи қафо бо андозаи 6,0 х 4,0 см, дар сеяки болои рони рост аз сатҳи қафо бо андозаи 10,6 х 6,0 см, дар мавзеи соқи чап аз сатҳи қафо бо андозаи 1, 5х 0, 8см рангаш кабудчатоб дида мешавад,-мегӯяд эксперти судӣ-тиббии дараҷаи якум- Шӯҳрат Қушмуродов.

                   Занамро тарсонданӣ  шудам

“Рӯзи 16 апрел, саҳарӣ, тахмин соатҳои ҳафти субҳ хоҳараки Хонзода осемасар ба хонаи мо омада хабар дод, ки апаашро шавҳараш лату кӯб кардааст. Ба хонаашон рафтем. Ранги рӯйи Хонзода пахта барин парида, маҷоли гап задан надошт. Ҳолаташро дида дарк намудем, ки вай сахт тарсида, дар ҳолати шок қарор дорад. Рӯймолашро аз сараш гирифтанд. Бо дидани сари ҷавонзан, ки шавҳараш мӯяшро мисли буз тарошида буд, дуд аз димоғам баромад. Ҳамроҳи раиси маҳалла ва милисаи минтақавӣ ба хонаи шавҳараш рафтем, то фаҳмем, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Бахтиёр ба тамоми саволҳои мо танҳо бо як ҷумла ҷавоб дода, гаштаю баргашта тӯтивор як гапро такрор мекард: “Занамро куштанӣ набудам, фақат хостам чашмашро каме тарсонам!” –мегӯяд раиси кумитаи маҳаллаи  ҷамоати деҳоти “Сомониён” Гулҷон Ахмедова ва меафзояд,-Мо ба шавҳари ҷабрдида фаҳмондем, ки агар занат ягон хато карда бошад, ту бояд аз дасташ гирифта, ӯро ба хонаи падару модараш бурда мемондӣ. Магар одам занро чунин бераҳмона лату кӯб карда, бар замми ин, сарашро бузтарош карда, ҳалқаи дорро ба гарданаш меовезад?! Наход метарсонам гуфта, занаки бечораро ба ҳамин дараҷа расонӣ?!

 “Издеватся” аз ин зиёд намешавад!

Баъди ҳоли ҷабрдидаро дидан мо ба натиҷае расидем, ки гуноҳи накардаро маҷбуран, бо роҳи таҳдид ва зӯрӣ ба гардани Хонзода бор кардани шавҳараш “шантаж” буда, бояд барои ин кирдораш дар назди қонун ҷавоб диҳад. Дуюм: ин мард зоти олитарини табиат-ИНСОНро масхара карда, мӯйи сарашро бо қайчӣ мисли пашми бузу гӯсфанд тарошидааст, то хандахариши мардум гардад. Чунин бераҳмона паст задани шаъну шараф ва обрӯи инсон ба ягон қонун рост намеояд. Сеюм: Бахтиёр ҳатто фикри тақдири ду фарзанди ноболиғашро накарда, бо мақсади куштани ҳамсараш ба гардани ӯ ҳалқаи дорро овехта, занашро дор кашидааст, вале акнун худро сафед карда мегӯяд, ки нияти куштан надошту фақат мехост чашми занашро тарсонад. Саволе ба миён меояд, ки агар банд канда намешуд, он гоҳ чӣ ҳодиса рӯй медод? Ин мард, агар танҳо нияти тарсондан медошт, ҳеҷ гоҳ занашро ба дор намеовехт. Он ки банд ба бардоштани вазни ҷавонзан тоб наоварда, якбора канда шудааст, муъҷизаи худованд аст, ки раҳми ду тифли бегуноҳро хӯрда, модарашонро ҷони дубора ато кардааст, вале агар чунин намешуд, мо боварии комил дорем, ки шавҳари Хонзода ҳеҷ гоҳ гуноҳи худро ба гардан намегирифт ва овоза мекард, ки вай занашро бо марди дигар доштаасту зани ошиқбозаш ба шармандагӣ тоб наоварда, худашро ба дор овехта куштааст.

Барои ин ҳама кирдорҳои аз доираи қонун ва одаму одамгарӣ берун ин марди муштзӯр чӣ ҷазо мегирад? Ин суолест, ки аз ҳомиёни қонун ҷавоби боадолатона мехоҳад!

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Ҷ. Расулов-Хуҷанд

Р/С

Хонандагони азиз! Дар шумораҳои оянда мо ба ин мавзӯъ баргашта, ба шумо дар бораи тақдири Хонзода ва шавҳари муштзӯраш маълумот хоҳем дод.

   Фарзона Муродӣ

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.