Суғд: Гирифторони ВНМО 80 нафар зиёд шудааст

Гирифторшавӣ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар вилояти Суғд соли 2018  80 ҳодиса зиёд шудааст. Бино ба гуфти сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд  Фаррух Мақсудзода давоми соли 2018 дар вилоят 389 нафар бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки синну соли шумораи умумии онҳо 30-то 49 сола аст:

-“Дар қайди марказ 2384 нафар мубталоёни ВНМО қарор доранд. Инчунин бо истифодаи клиникаи мобилӣ соли равон байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва занҳои қобили таваллуд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят “Корвони саломатӣ” гузаронида шуд. Бо усули тести оҷилӣ 3000 нафар ихтиёриён аз ташхиси дарёфти сирояти ВНМО ва пешгирии афзоишёбии сирояти он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд”-афзуд Мақсудзода.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *