Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суғд: Мард 17 корд зада ҳамсарашро кушт

 Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оиди  боздошти сокини 47-солаи шаҳри Истаравшан,ки ба куштори зани ҷавонаш муттаҳам карда мешавад  хабар доданд.

Мувофиқи маълумоти ниҳоди номбурда ҳодиса 22 сентябр тақрибан соати 11:00 рух додааст: “Муттаҳам дар хонаи хешованди 49-солааш дар шаҳри Истаравшан дар заминаи хусумати оилавӣ бо ҳамсари 26-солааш муноқиша карда, бо корд 17 бор ба узвҳои баданаш зарба задааст “Дар натиҷа зани ин амали  бераҳмонаҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст”.

Айни ҳол, гумонбари ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.