Суғд: “Савдогарон”-и маводи тарфгарӣ ҷаримабандӣ мешаванд

    Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба корҳои ҷилавгирӣ аз воридоти ғайриқонунии маводҳои протехникӣ оғоз намудааст. Тавре аз дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ доданд, алакай гурӯҳҳои махсуси мақомоти милитсия ба корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар ҷомеа пардохтаанд.

Мақомот мегӯяд, ҳарчанд қонунгузории кишвар воридоту фурӯши маводҳои протехникиро манъ карда бошад ҳам, аммо тариқи қочоқ ин намуди маводҳои тарканда вориди Тоҷикистон мешаванд. Гуфта мешавад, ки аз шурӯъ аз имрӯз то рӯзи Соли нав корҳои ҷилавгирӣ аз фурӯшу воридоти маводҳои тарфгарӣ дар Суғд бештар мегардад.

Содиқзода Ашӯрбой, сардори шӯъбаи тафтишотии РВКД дар вилдояти Суғд мегӯяд аксар ба фурӯши ин намуди мавод наврасону ҷавонон машғул меапшванд, ки ин кор боиси аз таҳсил дур мондани онҳо мегардад.

                                                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *