Суғд: Ташрифи намояндагони Парлумони Британияи Кабир

 Намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида Найҷел Миллс ва Пол Монангон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар ин рӯз меҳмонон бо роҳбаладии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дидан намуда  бо фаъолияти субъектҳои он аз наздик шинос шуданд. Ҳайати меҳмонон ҳамзамон аз шаҳраки Сайҳун, Қасри Арбоб ва Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд боздид намуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *