Суди Олӣ ваколатҳои Шӯрои адлияро гирифт

Лоиҳаи тағйири иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ дар бораи судияҳои Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.

Бар асоси тағйиру иловаҳо ваколати Суди Олӣ зиёд шуда мешавад. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олӣ Тоҷикистон мегӯяд, “Назорати фаъолияти судяҳои шаҳру ноҳияҳо, ки дар гузашта ба ихтиёри Шӯрои адлия буд, акнун бар уҳдаи Суди олӣ гузошта мешавад”.
Ин тағйиру иловаҳо, ки рӯзи 22 июн дар парлумон муҳокима шуд, ба Суди Олӣ ҳақ медиҳад, ки минбаъд ба ҷои Шӯрои Адлия фаъолияти судияҳои шаҳру ноҳияро назорат кунад.
Раиси Судӣ Олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён аснои муҳокимаи лоиҳа гуфт, ки бо ин тағйиру иловаҳо синни нафақаи судяҳои зан 58 ва мардҳо 63 муқаррар мешавад. Бо ин тағйиру иловаҳо, ҳамакнун теъдоди судияҳои Суди олиии Тоҷикистонро президент муайян хоҳад кард.
Гузоштани ваколати Шӯрои Адлия дар ихтиёри Суди олӣ дар ҳолест, ки чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон фаъолияти Шӯрои адлияро барҳам дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *