Судяҳо ҳам аз коронавирус дар амон нестанд

Дирӯз дар толори Суди олӣ нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид,ки дар он Раиси Суди олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовинони ӯ ба саволҳои хабарнигорон посух гуфтанд.

Фишурдаи муҳимтарин саволу ҷавобҳоро манзуратон мегардонем.
Савол: Нисбати он нафароне,ки ба постгоҳи сарҳадиии “Ишқобод” ҳамла карда буданд, чӣ гуна ҳукм бароварда шуд?
Ҷавоб: Ин парванда махфӣ буд ва нисбати 9 нафар ҳамлагарон ҷазо ба муҳлати гуногун, аз 2 то 25 сол ҷазои ҳабс таъин гардид, ки чор нафарашон хизматчиёни ҳарбӣ буданд.

Савол: Дар мавриди баррасии парвандаи пайравони созмони “Ихвон-ул муслимин”-“Бародарони мусулмон” маълумот медодед

Ҷавоб: Пайравони ин созмони террористӣ, ки ҳоло боздошт шудаанд, аз 103 нафар иборатанд. Ҳоло ин парванда ба Суди олӣ ворид гардидааст ва мавриди муҳокима қарор дорад.
Савол: Ин парванда ҳам махфӣ аст?
Ҷавоб: Не, аммо аз сабаби он,ки 103 нафарро дар толори судии Суди олӣ ҷой додан мушкил аст, муҳокимаи он дар боздоштгоҳ баргузор шуда истодааст. «Ихвониҳо» бо шаш моддаи Кодекси ҷинояти Тоҷикистон айбдор мешаванд. Аз ҷумла, нисбати 15 нафар барои «хабар надодан», айб эълон шудааст. Мардум бояд дар бораи ин парванда маълумот дошта бошанд, бояд донанд ки киҳо хастанд, чаро нисбаташон айб эълон шудааст.Пас аз хотима ёфтани муҳокимаи парванда мо ба маълумоти ҳама натиҷаи онро хоҳем расонд.
Савол: Нисбати Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати ислом, ки парвандааш дар Суди олӣ мавриди барасӣ қарор гирифт, чӣ гуна ҳукм бароварда шуд?
Ҷавоб: Чун ин парванда махфӣ аст, ба ин савол ҷавоб намедиҳем.

Савол: Судяҳо, махсусан судяҳои ҷавон дар рафти дидани парвандаҳо ба хато роҳ медиҳанд.Барои садди роҳи чунин падидаҳо гардидан Суди олӣ чӣ кор кард?

Ҷавоб: Чунин ҳодисаҳо ҳастанд, аммо бо мақсади аз байн бурдани камбудию норасоиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта ва беҳтар намудани кори мақоми судӣ, судяҳо вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ба кашолкорӣ роҳ надода, барои дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ ва таҳия намудани санадҳои судӣ, сари вақт омода гардидани протоколҳои маҷлиси судӣ ва ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ, инчунин назорати иҷрои қарорҳои судӣ тамоми тадбирҳоро андешанд.
Савол: Оё имкон дорад, ки дар ҳолати мавриди таҷовуз қарор гирифтани ноболиғон нисбат ба ҷинояткорн мисли Қазоқистон усули бенаслкунӣ ва кастратсияи кимиёвиро истифода барем?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *