Султони кинои тоҷик

Арбоби давлативу сиёсӣ, адиби пуркор ва фарҳангсолори маъруф Султон Мирзошоев дар рушди Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Тӯли умри пурбаракати хеш, ӯ тавонист аз худ хизматҳои мондагор ва номи нек ба ёдгор гузорад. Махсусан, саҳми ӯ дар рушди кинои тоҷик беназир аст…

Дар орзуи кино

Ӯниз мисли ҳар як навраси замони шӯравӣ, аз давраи талабагӣ дар мактаби миёнаи деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба кино шавқу рағбати беандоза пайдо кард. Хуб дар ёд дошт, киномеханик дастгоҳашро дар маркабе бор карда, чоштгаҳи рӯз дар саргаҳи деҳа падид меомад ва шомгаҳӣ матои сафедеро дар девор овехта, киноҳои «Чапаев» ва ё «Броненосетс Потёмкин» («Киштии зиреҳпӯши Потёмкин» — ро намоиш медод. Барои кӯдакони деҳот кино муъҷизаро мемонд ва хиёле то ба ҷаҳони надида дар парвоз мешуданд.

Султони наврас чанде пас маҷаллаи маъруфи шӯравӣ — «Советский экран» — ро пайдо намуда (баъдан обуна шуда), аз вазъи кинои советӣ пайваста огаҳӣ меёфт.

Пас аз хатми бахши ғоибонаи Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб, соли 1950 ба нишонии Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуд, то ӯро барои таҳсил ба Институти умумииттифоқии давлатии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) бифристанд. Хуб шуд ё на, ӯ бо имзои муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Мирзо Раҳматов ба чунин мазмун посух гирифт: «Рафиқ Мирзошоев, бо сабаби набудани ҷое, ки ба ҷумҳурии мо пешбинӣ шудааст, хоҳиши шуморо қаноатбахш карда наметавонем…».

…тақдир маҷрои зиндагии ӯро тағйир дод. Султони ҷавон солҳои 1959 – 1961, давраи Котиби якуми КМ ЛКСМ буданаш, каму беш ба соҳаи кино сари кор гирифт. Баъдтар, моҳи марти соли 1967, пас аз раиси Кумитаи давлатии кинематографияи Тоҷикистон таъин шуданаш, орзуву омоли давраи наврасиаш ҷомаи амал пӯшид.

Ҷалби сенаристон

Мавсуф нахустин қадамҳои хешро дар вазифаи раиси кино аз ҳалли масоили басо муҳим — ҷалби адибони мумтози тоҷик (дар сенариянависӣ) оғоз намуд. Даставвал адибони номвари тоҷик Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Мирсаид Миршакар ва Аъзам Сидқиро ба ҳамкорӣ хонд. Пирӯзии нахустинаш дар ин соҳа аз таъини устод Сотим Улуғзода ба сифати сармуҳаррири кумита шурӯъ гашт.

Ба сенарияҳои Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар ва дигар нависандагон бо ризоияти онҳо аз Москва ҳаммуаллифон ҷалб мешуданд. Зеро омода сохтани сенария барои муаллифони навкор саҳл набуд ва он заҳмати зиёди касбиро тақозо мекард.

Базаи  моддӣ – техникӣ

Султон Мирзошоев солҳои 1967 – 1973 корҳои муфид ва назаррасеро ба сомон расонд. Яке аз масъалаҳои мубрам барои истеҳсоли филмҳои бадеӣ, телевизионӣ, мустанад ва дубляж (тарҷумаи филмҳо аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ) марбут ба базаи моддӣ – техникӣ буд.

Сохтмони киностудия (оғоз аз солҳои 60 — ум) бо ҳар ду по мелангид. Бо талошҳои афзун ва истодагарии раиси Кумитаи давлатии кинематографияи Тоҷикистон Султон Мирзошоев бунёди ин иншоот ниҳоят (1969 — 1970) ба итмом расид.

Муаррифӣ

9 январи соли 2020 ба зодрӯзи Арбоби намоёни давлатии Тоҷикистон, котиби якуми КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1959 — 1961), раиси Кумитаи давлатии кинематографияи Тоҷикистон (1967 — 1973), намояндаи доимии Шӯрои Вазирони Тоҷикистон дар назди Шӯрои Вазирони СССР (1973 — 1979), вазири фарҳанги Тоҷикистон (1979 — 1987), раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ (1987 — 1990), котиби якуми обкоми Кӯлоб (1990 — 1993), аз моҳи марти соли 1993 роҳбар (нахустин) — и Дастгоҳи Сарвари давлати Тоҷикистон… Султон Мирзошоев (9.1.1932 — 2016) 88 сол пур шуд.

Султон Мирзошоев тӯли 30 сол (1960 — 1990) вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон ва 35 сол узви КМ ҲК Тоҷикистон, солҳои 1998 — 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. 

Манзили киносозон

Ӯ ҳамчун роҳбари ғамхор, масъулиятшинос ва инсони комил хуб мефаҳмид, ки ҳар як корманд дар сурати надоштани манзили зист ба таври зарурӣ фаъолият карда наметавонад, ба вижа эҷодгарон. Баъдҳо вай дар суҳбатҳо ба таъкид мегуфт, ҳангоми фаъолият дар вазифаи роҳбари Кумитаи кинематографияи кишвар яке аз корҳои муҳим ва шоистае, ки анҷом дод, ин ҳалли масъалаи таъмини кормандони соҳа бо манзили зист буд.

Вай бо ин хоҳиш ва дархост ба Раиси Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров (равонашон шод бод) муроҷиат намуд. Абдулаҳад Қаҳҳорови бомаърифат ва инсони комил ин дарди киносозонро ба хубӣ эҳсос намуда, баҳри сохтмони бинои истиқоматӣ барои онҳо ёрии хешро дареғ надошт. Он рӯзи пурнишотро кормандони кино – собиқадарони соҳа хуб ёд доранд. Бо бунёди ин иморат 38 оилаи ниёзманди киносозони тоҷик соҳиби манзил шуданд…

Рӯ  ба «Шоҳнома»

Кунунӯрофикри офаридани филмҳои миллии таърихӣ ва аҳамияти умумиинсонӣ дошта, ҳифзи арзишҳои бузург ором намегузошт. Нахуст андешаи хешро ба адиби нуктафаҳм Сотим Улуғзода иброз дошт. Аркони ҳунар бо таҳиягар Борис Кимёгаров атрофи эҷоди филми бадеӣ аз рӯи асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба як фикр омаданд.

Корҳои омодагӣ ба ин филми бузургу беҳамто ду сол идома ёфт. Бо ташаббуси режиссёр ва маслиҳати устод Сотим Улуғзода муаллифи сенария Григорий Колтунов интихоб шуд. Ӯро ба Душанбе даъват намуда, маслиҳатҳои эҷодӣ, техникӣ ва молиявиро ҳаллу фасл намуданд.

Гуфтушуниди коргардон Борис Кимёгаров бо рассом Шавкат Абдусаломов, навобардор Давлат Худоназаров, оҳангсоз Ориф Меликов ва иҷрокунандаи нақши асосӣ Бимбулат (Бибо) Ватаеви осетин оғоз ёфт.

Пас аз омода гаштани нақша — филмҳои «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб» ва «Гуфтор дар бораи Сиёвуш» — ро бо навбат дар Москва тасдиқ намуданд.

Барои ҳалли проблемаҳои асосӣ: молиявӣ ва плёнкаи «Кодак» Султон Мирзошоев ҳамроҳи Б. Кимёгаров ба Москва, ба Кумитаи давлатии кинематографияи СССР рафтанд. Бо супориши роҳбарият сардори Раёсати иқтисодиёту молиявии кумитаи умумииттифоқӣ Е. Литвак дархостҳои намояндагони тоҷикро ба сомон расонд.

Дар шаҳри Душанбе ҳайати хоҷагии ёрирасони киностудия ва ҳамаи сехҳо, шабонарӯз барои ин филм заҳмат мекашиданд. Ҳайати ҳунармандони номвар Бибо Ватаев, Светлана Норбоева, Ҳошим Гадоев, Майрам ва Сайрам Исоеваҳо, Отар Коберидзе ва Маҳмудҷон Воҳидов дар нақшҳои асосӣ банд буданд.

Банаворгирии филм дар ноҳияи Исфара, ки бо доманакӯҳҳои рангоранги худ, ба декоратсияи (бо дасти устоҳо) ородода шабоҳат дошт, оғоз гардид. Дар ду павилёни бузурги студияи «Тоҷикфилм» саҳнаҳои бештари филмҳои мазкур рӯи  навор омаданд.

«Бочка»

Султон Мирзошоев ба қалам додаанд, ки дар давраи роҳбариашон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 40 кинотеатри ҳозиразамон, даҳҳо кинотеатрҳои тобистона, минҷумла 45 кинотеатри «Бочка» (як намуди кинотолор) барои 150 нафар, дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб, Регар (ҳозира Турсунзода), Восеъ ва ғайра мавриди истифода қарор гирифтанд. Кинотеатрҳои типи нав дар кӯҳистон, шаҳрҳои Панҷакент, Ғарм (ҳоло Рашт), ноҳияҳои Қумсангир (бо ташабусси котиби якуми райком Муҳиддин Зоиров), Вахш, Москва (Ҳамадонӣ) ва ғайра аз ин шумул аст.

Дар шаҳри Душанбе кинотеатрҳои васеъэкрани «Тоҷикистон» ва «Орлёнок», дар Хуҷанд ду кинотеатри замонавӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, дар пойтахт базаи замонавии кинопрокат тармим ва устохонаҳои нави таъмири дастгоҳҳои кино, сехи курситайёркунӣ ва дигар муассисаҳои ёрирасон бо пуррагӣ ба кор даромаданд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар аввалин Омӯзишгоҳи касбии механикҳои кино бунёд ёфт, ки якумин дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Соли 1974 омӯзишгоҳи мазкурро аз ихтиёри кумитаи кино ба Кумитаи давлатии касбӣ — техникӣ гузаронданд.

Руҷӯъ

Осори Султон Мирзошоев: «Борис Кимёгаров» (1972), «Роҳи кинои тоҷик» (1973), «Арзи дил» (1996), «Дуои сари роҳ» (1997, 2001), «Ҷонфидо» (бо Карим Давлат, 1999), «Фанои марг» (2003), «Меъмори Ваҳдат» (бо Шодон Ҳаниф, 2004), «Миротворец» (бо Шодон Ҳаниф, 2004), «Бозгашти хотирот» (2004), «Благословление на пути дороги» (2005), «Дар пайванди ду аср» (2009), «Сталин, Черчилл, Рузвелт ва Ҷанги дуюми ҷаҳон» (2015).

Студияи кино

Рӯзе Султон Мирзошоев бо таҳиягарони номии мамлакат Тоҳир Собиров, Борис Кимёгаров, оҳангсози маҳбуб Фаттоҳ Одина ва ҳунарпешаи барҷаста Ҳабибулло Абдураззоқов ҷамъ омада, масъалаи ташкили студияи ҳунармандони кинои тоҷикро матраҳ намуданд. Масъалаи таъсиси студияи кино – ҳунарпешагонро дар Кумитаи давлатии кинои СССР ҷонибдорӣ намуданд.

Устоди бузурги кинои Шӯравӣ Сергей Федорович Бондарчук, завҷааш Ирина Скобсева, баъди дархосту исрори раиси киносозони Тоҷикистон Султон Мирзошоев розӣ шуданд, то студияи тоҷикиро мураббӣ шаванд. Бо қарори кумитаи кинои кишвар Тоҳир Собиров, Ҳабибулло Абдураззоқов барои интихоби довталабон пардохтанд. Соро Сабзалиева, Тоҷинисо Саидова, Зулхумор Иброҳимова, Меҳрангез Ҳасанова, Ёрмаҳмад Аралов, Асланшо Раҳматуллоев, Юнус Юсуфов ва Ҳошим Раҳимов ба ин гурӯҳ шомил гаштанд.

Сергей Бондарчук аз нахустин вохӯрӣ бо довталабони тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуда, чаҳор сол, сарфи назар аз серкорию банд будани хеш, донишҷӯёни тоҷикро чун «артистони киною театр» таълиму тарбият дод. Аксари шогирдони С. Ф. Бондарчук ва И. Скобсева дар оянда худ ба мартабаи устодӣ расиданд. Имрӯз номи онҳо вирди забони киношиносон ва мухлисон аст.

 Дастовард

Ба иқрори донишмандони соҳаи фарҳангу ҳунар Султон Мирзошоев дар таърихи кинои тоҷики асри ХХ беҳтарин ва муваффақтарин роҳбари соҳа маҳсуб меёфт.  

Ин ҷо зикри номгӯи филҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиеро, ки солҳои роҳбарии Султон Мирзошоев (1967 – 1974) дар кинофестивалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷӣ ба ҷоизаҳои гуногун сазовор гаштаанд, ҷоиз медонем.

Филмҳои  бадеӣ

1. «Марги судхӯр» — режиссёр Тоҳир Собиров. Дипломи фестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, Тошканд,1968.

2. «Асрори ниёгон» («Тайна предков») — режиссёр Марат Орипов. Дипломи кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, Тошканд,1968.

3. «Рустам ва Сӯҳроб» — режиссёр Борис Кимёгаров. Мукофоти якум дар кинофестивали умумииттифоқӣ, Тифлис, 1972. Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Б. Кимёгаров, Бибо Ватаев, Ҳошим Гадоев…

4. «Ситорае дар тирашаб» — режиссёрон Абдусалом Раҳимов ва И. Усов.  Диплом барои иҷрои нақши мардона ба ҳунарпеша Маҳмудҷон Воҳидов дар кинофестивали умумииттифоқӣ, Алма — Ато, 1973.

Филмҳои  ҳуҷҷатӣ

1. «Абдулло Раҳимбоев» — режиссёр Елизавета Кимёгарова. Дипломи кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, Тошканд,1968.

2. «Як каф хоки Ватан» («Горсть материнской земли») — муаллиф ва оператор Евгений Кузин. Дипломи кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, Тошканд,1968.

3. «Як лаҳза ист» («Остановись мгновение») — режиссёр Евгений Кузин. Дипломи кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, Тошканд.

4. «Кино» — муаллифи сенария ва режиссёр В. Эрвайс. Мукофоти «Аждаҳои нуқрагин» («Серебряный дракон») дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳметража, Краков, 1970.

5. «Хонаи ман» — режиссёр Л. Салдадзе. Мукофоти дувум ва дипломи кинофестивали умумииттифоқӣ, Тифлис, 1972.

6. «Ҳашар» — режиссёр Елизавета Кимёгарова. Дипломи кинофестивали умумииттифоқӣ, Алма — Ато, 1973.

7. «Хонаи фурӯшӣ» — режиссёр Евгений Кузмин. Диплом барои филми кӯтоҳметражаи хроникавӣ — ҳуҷҷатӣ. Кинофестивали умумииттифоқӣ, Боку, 1974.

8. «Роҳи 12 — километра» — режиссёрон В. Фомин ва Бақо Содиқов. Дипломи кинофестивали умумииттифоқӣ дар бораи синфи коргар, Толятти, 1974.

Умари ШЕРХОН,

адиб  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *