Сумая сатр пӯшида, мардони маҳаллаи 61-ро шикор мекунад!

Сумая, аз рӯйи ту шайтони сатрпӯш чандин оилаҳои обод рӯ ба вайронӣ оварда истодаанд. Аз худ фаришта тарошида, сатр мепӯшию ба оғӯши мардони зандор медароӣ. Барои пул шуда, аз ягон кори ҳаром рӯ намегардонӣ. Беҳуда аз худ духтари худотарсу боимон натарош, кӣ будани туро аллакай ҳама медонанд. Ту агар зани поку боиффат мебудӣ, аз шавҳарат ҷудо шуда, мардони зану фарзанддорро аз роҳ намезадӣ. Сумая, магар аз Худо наметарсӣ? Андеша намекунӣ, ки оҳи дили кӯдакони бегуноҳе, ки бо айби ту аз меҳру муҳаббати падар марҳум мегарданд, ягон рӯз туро чунон мегирад, ки бале мегӯӣ. Туро нафси саркаш ба кӯйи бадномӣ бурдааст. Садқаи ҳамон сатр шавӣ, маккораи бешарму беҳаё! Вақте, ки шавҳарам дар бораи ту қисса кард, аз зан будани худ шарм доштам, зеро ту ҳаромхиштак ҳамҷинси ман ҳастӣ. Наход зан-модар барои пули ҳаром ва сер кардани шикамаш ба чунин пастиҳо равад? Ҳар рӯз ба дӯкони шавҳари ман омада ҷону ҷигар гӯён, худатро ба оғӯшаш мепартофтаӣ. Аз рӯзе, ки бо ту касофат ошно шудааст, баракати кори мардакам парида, дигар кисааш пулро намебинад. Гадо барин ҳар рӯз ба дари дӯконаш омада аз ӯ пул мепурсидаӣ. Аз чунин рӯз мурданат беҳ аст! Ход-дог, гӯштбирён, питса, шашлик ва қурутобҳое, ки аз пули шавҳари ман ва дигар мардони зандор мехӯрӣ, фардои қиёмат заҳри баданат шуда, дар оташи сӯзони ҷаҳаннам месӯзӣ. Як зарра нангу номуси инсонӣ медоштӣ, касбу ҳунар надошта бошӣ ҳам, дар ягон ошхона косаю табақ шуста, нонатро бо меҳнати ҳалол меёфтӣ, вале ту беномус бо роҳи ҳаром пули муфт ёфтанро авло медонӣ. Ҳайфи ту барин зан! Шайтони дупо, гумон накун, ки умре бо ҷодугарӣ мардҳои бегонаро бо зану фарзандонаш душман гардонида кайфу сафо карда мегардӣ. Худованд дергири сахтгир аст, бовар дорам, ки як рӯз не як рӯз шармандаи ду дунё мешавӣ!

Мубориза, аз ш. Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *