Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сурайё Қосимова 15000 ҷаримаро пардох кард

Овозхони шинохтаи тоҷик Сурайё Қосимова 15 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан якуним ҳазор доллар, ҷаримаеро, ки Оҷонси зиддифасод муайян карда буд, пардохтааст. Масъулони Раёсати фарҳанги Кӯлоб гуфтанд, пас аз ин воқеа овозхони маъруф, мумкин аст, дигар дар маъракаҳои расмии минтақа ширкат накунад.

Оҷонси мубориза бо фасод пас аз тафтиши фаъолияти молиявии бахши фарҳанги Кӯлоб, Сурайё Қосимоваро ҷарима баст, ки дар Кӯлоб зиндагӣ намекунад, вале ҳамчун корманди дастаи ҳунарии “Фалак”-и ин шаҳр маош мегирад.

Ҷамшед Гулаҳмадзода, сардори Оҷонси мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, “вазъиятро дар ҷояш муайян карданд ва ӯ ҳам пулро барқарор намуд.”

Аммо ҳамкорони Сурайё Қосимова мегӯянд, ӯ ҳарчанд дар Кӯлоб зиндагӣ намекунад, дар ҳамаи чорабиниҳои расмӣ ширкат меварзад. Дар Раёсати фарҳанги минтақа гуфтанд, пас аз ин ҳодиса Сурайё Қосимоваро, ба истилоҳ, “аз даст доданд”, дигар ширкати ӯ дар чорабинҳои Кӯлоб номумкин хоҳад буд.

“Вазифааш устоди саҳна буд ва аз рӯйи ҳамон маош мегирифт. Дар асл овозхонӣ мекард ва дар ҳамаи маъракаҳо ширкат меварзид”, — гуфтааст Сарахон Бозорзода, масъули Раёсати фарҳанги минтақа, ба хабарнигори “Озодӣ”

Сурайё Қосимова, ҳунарманди 64-сола то се сол пеш раҳбари дастаи “Фалак”-и назди Шуъбаи фарҳанги минтақаи Кӯлоб буд. Баъд аз бемор шудан бо аризаи худ аз роҳбарии даста канор рафт, вале ҳамчун корманд ва мураббӣ сабт шуда, 1000 сомонӣ маош мегирифтааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.