Сурайё Қосимова 64-сола шуд. Назаре ба рӯзгор ва ҳунари ӯ

Имрӯз ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, модари овозхонҳои маъруф Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, Сурайё Қосимова 64-сола шуд.

Овозхони маъруфи тоҷик, Сурайё Қосимова, ки моҳи сентябри гузашта бо марди аз худ хурсолтар издивоҷ кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд эҷод кард. Бисёриҳо ӯро барои никоҳ бо марди аз худаш хурд накӯҳиш карданд, вале гуруҳи дигар аз ӯ барои интихоби озоди ҳамсар ситоиш намуданд.

Ва он замон дар пайи ҳама бадгӯиҳо ва ҳамзамон табрикот ҳунарманд ба расонаҳо чунин гуфта буд: “Бисёриҳо суханҳои нораво ҳам гуфтанд. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки ман хушбахтам. Ба ҳама занҳои рӯйи дунё, хусусан, занҳои Тоҷикистон хушбахтӣ мехоҳам”.

Мухтасари шарҳи ҳоли Сурайё Қосимова

Сурайё Қосимова 22 апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб, таваллуд шудааст. Ӯ Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1980). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2007). Мебошад.

Сурайё Қосимова модари 4-фарзанд ба дунё овардааст: Рӯзимоҳ, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Эмомалии Хуршед, вале чанд сол қабл ягона писараш Эмомалии Хуршед дунёро тарк кард.

Ҳунарманд бештар сурудҳои халқӣ, бадеҳа, сурудҳои тӯёна месарояд. Ӯ бо сурудҳои «Ба ман ояд» (шеъри Рӯдакӣ, оҳанги А. Одинаев), «Бахтномаи мо» (шеъри М. Ҳайдаршо, оҳанги М. Миров), «Ватан» (шеъри Ҳ. Ғоиб, оҳанги Д. Холов), «Медонам» (шеъри М. Ҳакимова, оҳанги Ҷ. Обидпур), «Дидори ёр» (шеъри Ҳофиз, оҳанги Т. Юнусов) ва ғ. дар байни халқ машҳур гаштааст.

Ҳамчунин Сурайё Қосимова дар як қатор намоишномаҳо низ нақш бозидааст: модар («Карим девона»-и Т. Аҳмадхонов), Марям («Мукофот»-и Н. Енисенку), Ҳумайро («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ), Гиатсинта («Найрангҳои Скапен»-и Ж. Молер), Сокина («Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев) ва ғ. Лауреати озмуни ҷумҳуриявии ҳофизон (1979). Ба як қатор кишварҳои хориҷ – Афғонистон, Эрон, Яман, Покистон, Муғулистон ва ғ. сафари ҳунарӣ кардааст.

Сурайё Қосимова аз издивоҷи аввалаш Шабнам (14.10.1981) ва Рӯзимоҳро таваллуд намудааст. Шабнам низ овозхон ва Рӯзимоҳ соҳибхоназан мебошад.

Издивоҷи дуввумаш бо коркуни ҳифзи ҳуқуқ Хуршед Рабиев буд, ки аз ҳам ҷудо шуданд ва онҳо соҳиби як духтар Фарзона (11.07.1989) ва як писар Эмомалиҷон мебошанд. Фарзона низ сароянда мебошад. Эмомалиҷон (2001), номаш бо шарофати номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст, ки писар дар синни 16-солагӣ 18 апрели 2017 аз бемории саратон вафот кард.

Сурайё Косимова: Не стоит переживать, уже скоро выпишусь из больницы

Моҳи марти соли 2016 овозхон дар беморхона бистарӣ шуд, табибон вазъи сарояндаро боиси нигаронӣ нахонданд[7]. Сароянда пас аз як қатор ҳодисаҳои фоҷиабор дучори мушкилот бо асабҳо шуд, ки инҳо ба ҷигар ва меъда мушкилӣ пеш оварданд. Вақте Сурайёро ҷавоб доданд, духтарони овозхон тасмим гирифтанд, ки табобатро дар хориҷи кишвар идома диҳанд ва Қосимоваро барои табобат ба Ҳиндустон бурданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *