СУТ: Коронавирус аз пӯсти солим намегузарад (16 тавсия оид ба пешгирӣ)

Ахиран Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) 16 тавсияи худро  оид ба пешгирии коронавирус нашр кард. Созмони мазкур дар яке аз пешниҳодҳо мегӯяд, вирус то -60 дараҷа зинда аст, аммо аз +30 дараҷа баланд кушта мешавад. Инак, пешниҳодҳои СУС:

1. Коронавирус аз пӯсти солим намегузарад ва дар пӯст то даҳ дақиқа зинда аст, бинобар ин, агар шумо дастпӯшак надошта бошед ҳам, хавотир нашавед, танҳо дастҳоятонро ба чашм ва даҳони худ нарасонед.

2. Вируси корона дар сатҳи матоъ то 6-12 соат, металл 12-20 соат ва дар сатҳи пӯлод то 20 рӯз зинда аст.

3. Вирус то -60 дараҷа зинда аст, аммо аз +30 дараҷа баланд кушта мешавад. Пас, беҳтар аст, ки дастҳо ва ҳар чизи дигарро барои тозагии бо оби гарм бишӯед ва тоза кунед.

4. Коронавирус бо оби гарм ва маводи тозакунандаи хонагӣ бартараф карда мешавад.

5. Либосҳоро дар нури офтоб ва ё радиаторҳо хушк кунед.

6. Бо оби гарм оббозӣ кунед.

7. Тамоман оби хунук ва хӯроки хунук нахӯред. Оби гарм (чойи гарм, қаҳва гарм ва нӯшокиҳои гарм) нӯшед.

8. Колони асосии ин вирус дар бинӣ ҷойгир аст, бинобар ин биниро мунтазам бо оби гарм шӯед.

9. Агар шумо ба нӯшокии гарм дастрасӣ надошта бошед, сақич (жевательная резинка) хоед, то гулӯи шумо доимо намнок шавад ва бо он гилӯро тоза кунад.

10. Ҷои зист ва ҷои кории шумо бояд бо ҳавои тоза таъмин карда шавад.

11. Муҳим аст, ки дар давоми рӯз чанд маротиба нафасатонро тӯли 10- сония нигоҳ доред ва сипас нафас гиред. Агар шумо сулфа ё нафастангӣ дошта бошед, ҳатман ба маркази тиббӣ равед.

Ба мушкилоти нафаскашӣ роҳ надиҳед ва зуд ба духтур муроҷиат кунед, зеро баъд шояд дер кунед.

12. Агар шумо аз хона берун оед (хизматчӣ, коргар, дӯкондор ва ғайра), аввал: масофаи 1,5-2 метр фосиларо аз дигарон риоя кунед ва дуюм: пойафзоли шумо манбаи муҳими ифлосӣ аст ва онҳоро ба хона умуман ворид накунед, зеро ин вирус вазнин аст (тақрибан 400-500 нм) ва он ба замин меафтад, бинобар ин пойафзоли шумо мумкин омили интиқолдиҳандаи он шавад.

13. Ҳангоми сулфа ва атса задан, ба қадри имкон аз дигарон дур шавед. Даҳон ва бинии худро бо ҳар чизе, ки дастрас аст, якчанд сония мустаҳкам нигоҳ доред ва нагузоред, ки об ва заррачаҳои он ба фазо паҳн шаванд.

14. Аз сабаби миқдори зиёди вирус ҳар гуна ниқоб дар муҳити ифлос метавонад бехатар бошад (матоъ, вибил, бо салфетка ва ғайра), ба шарте ки хушк бошад, яъне ниқобҳо бояд мунтазам иваз карда шаванд.

15. Дар кор нест, ки ҳамаи либосҳоямонро бишӯем, балки онҳоро аз радиатор ё нури офтоб тоза кунед.

16. Пас аз шустани дастон, вақте ки мо ба ҷои сироятшуда наравем, дасти худро бо крем (увлажняющий крем) ё вазелин тар кунед, то бо мурури замон экзема нашавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *