Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Сюрприз” барои дуздон. Ё чӣ тавр мошини хабарнигори “Тоҷикистон”-ро рабуданд?

..Субҳи рӯзи 6 июл, пас аз бомдод , соати 4-у 50 дақиқа дарвозаи ҳавлиро боз намуда, чун одати ҳарвақта хостам ба кӯча барояму атрфро хабар гирам. Баромадан баробар дидам, ки мошинам дар ҷои маъмулиаш нест…

Аввал гумон кардам, ки кадом кори писаронам баромадаву барвақт ба куҷое рафтанд, зеро ҳам ҳуҷҷати ронандагӣ ва ҳам боварихат доштанд. Аммо баргашта ба хона даромадам, ки ҳанӯз онҳо хобанд. Пурсидам:

-Мошин канӣ?

-Дар берун, калидаш дар назди компютер…, — ҷавоб дод писари калонӣ. Калидро ёфтаму гуфтам:

-Хез, калид ҳасту мошин нест…

Ҳама  хеста берун баромаданд, ки аз “Опел”-и банда “пай ҳасту ҳайдар нест…” Изи  пойафзоле дар рӯи замини тар боқӣ монда буд, ки бо гумони ғолиб мошинро бесадо тела дода, ба кӯча баровардаанд. Хаёлам, дуздон ду нафар будаанд, ки яке рулро идора кардаасту дигаре мошинро тела додааст…

Ҳайрон будам, ки чӣ кор кунам ва зуд ба навбатдори ВКД занг задам. Он ҷо маслиҳат доданд, ки мунтазир шавам, ҳоло гурӯҳ меояд.

То омадани гурӯҳ бо телефон гапзанон аз хона тақрибан сесад метр қадам задам ва дар хамии кӯча, чашмам ба мошинам афтод, ки дар канори роҳ меистод. Ҳишшосзанон давида, ба он ҷо расидам. Дарҳои мошин боз буданду ҳуҷҷатҳо дар дохили салон парешон. “Хайрият…” гуфтам дар дил ва ба дуздони “боинсоф” раҳмат фиристодам. Аммо раҳматгӯиям  барвақт будааст. Маълум шуд, ки он “баинсофҳо”  ба хотири ба кор даровардани муҳаррики мошин симҳоро канда, бо ҳам пайваст намуда, хостаанд онро ронда баранду “запчаст”  кунанд. Аммо ин бор “раҳмат”-ро ба нишонии олмониҳои опелбарор равона кардам. Зеро  дуздон “чип”-и мошинро (асбобҳое, ки агар онро гирӣ, худатро қурбон кунӣ ҳам, сабукрав гирон намешавад)   дар  торикӣ афтонда гум кардаанду мошин ба кор надаромадааст. Дуздон мебинанд, ки талошашон беҳуда асту мошин ба кор намедарояд, онро сари роҳ партофта, аз тарси он, ки ягон ҳамсоя мошинро мешиносад, думро хода кардаанд…

Пас аз понздаҳ дақиқаи занги телефон нозири минтақавӣ ва ёрдамчии ӯ расида омаданд. Воқеан, хеле оперативӣ. Милисаҳо атрофи мошинро чарх зада омӯхтанд ва гуфтанд, ки бояд гурӯҳи оперативии тафтишотиро даъват намуд ва изи дасти дуздонро гирифт. Чун дидам,ки ба ман аз кирдори яғмогарон зарари ҷиддие нарасидааст, хоҳиш кардам, ки ин корро накунанд, зеро ташвиши зиёде дорад. Қаблан ду бор зарари ғоратгарон ба ман расида буд ва онҳо дӯкони маро ба яғмо бурда буданд, вале… Дуздонро милисаҳои ШКД ноҳияи Шоҳмансур  пайдо карданд, вале ҷуброн нашуд… Бори дуюм бошад, на дуздон пайдо шуданду на ҷуброн.

Ба ҳамин хотир, тасмим гирифтам, ки ин дафъа барои яғмогарони моли касон “сюрприз”-и  алоҳида омода созам. Ин “сюрприз” чист, аз дуздони оянда пурсед…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

соҳиби мошини “Опел”, журналист

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Навобод 17.07.2020 07:41

    Сабки расонидани чунин хабар бо шеваи пешниҳод намудаи муаллиф қобили қабул нест. Зеро хонандаро ба кӯйи нобоварӣ мебарад, ки ин хабар рост бошад ва ё як ҳазли танзомез?! Ба ин хотир оҳанги интишори чунин хабарҳо оҳангӣ омирона ва қатъиятро ифода бояд кунанд. Ба ҳар ҳол ба муаллифи ин матлаб муваффақият ва бурдборӣ мехоҳем.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.