Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ тағироти кадрӣ сурат гирифт. Ба вазифаи муовини аввал, муовини  ректор оид ба таълими ин муассисаи олӣ Шаҳриёр Саъдуллозода таъин шуд.

Номбурда дар ин вазифа Раҳимҷон Саидзодаро, ки чанде қабл директори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Москва дар шаҳри  Душанбе (МИСиС)  таъин гардида буд, иваз кард.  Шаҳриёр Саъдуллозода, ки  номзади илмҳои техникӣ аст, то ин замон мудири шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бар зимма дошт. 

Ёдрас мешавем, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таърихи беш аз 60-сола дошта, яке аз муассисаҳои олии бонуфузи кишвар дар омода намудани мутахассисони соҳаи техникӣ,  маркази пешбари тадқиқотҳои илмӣ, навовариву ихтироъкорӣ маҳсуб меёбад.

Донишгоҳ вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра, аз рӯи барномаҳои муҳими илмӣ-техникии аҳамияти ҷумҳуриявидошта, дар самтҳои мазкур корҳои илмӣ – тадқиқотиро ба роҳ мондааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.