Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тағироти кадрӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар ҳайати роҳбарикунандаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дигар сохтору мақомоти шаҳрӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуд. 

Дар ин бора Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ба Pressa.tj иттилоъ дода, афзуд, ки кадрҳои навтаъин бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, 19-уми июни соли равон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кадрҳои ба мансабҳои масъул таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

  Сафаров Шарифхон Нураҳмадович муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мусозода Илҳом Хол ва Шарифзода Наргис Достӣ муовинони раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин шуданд.  Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби муовини аввал, Сафарбекзода Шарофиддин Сафарбек ва Табарӣ Мавҷуда Ҳабибулло аз мансаби муовинони раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинобар ба кори дигар гузаштан озод гардиданд.  

Ҳамзамон, Аловиддинов Шодимурод Уроқович муовини якуми раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Раҷабов Абдулазиз Ваҳобович ва Шукурова Саодат Нусратуллоевна  муовинони раиси ноҳияи Фирдавсӣ таъин гардида, Хушзода Шералӣ Содиқ аз мансаби муовини якум, Маҳмудиён Нозилшоҳ Ҳаким ва Маҳмадзода Назокат Киромиддин аз мансаби муовинони раиси ноҳияи Фирдавсӣ бинобар ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.

Ҳамчунин, Қодирзод Руслан Раҷаб, Исматов Исуф Қузратович ва Каримова Ашурбӣ Одинаевна муовинони раиси ноҳияи Сино таъин шуда, Саидмуминзода Аббос, Гулов Зафар Шамсуддинович ва Маҳмуродзода Муҳаррам Бурӣ аз вазифаи муовинони раиси ноҳияи Сино бинобар ба кори дигар гузаштан озод гардиданд.

Бо қарорҳои Раиси шаҳр Саидмуминзода Аббос сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Зуҳурова Зарина сардори Раёсати кор бо занон ва оила, Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷавонон» ва Гулзода Зафар Шамсуддин директори Корхонаи воҳиди давлатии «Баҳодиҳӣ»(нархгузорӣ)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.