Тақвими рӯз: Аз 81-солагии Рафоат Абдусаломова то 86-солагии Шодон Ҳаниф

Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд. Аз соли 1961 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду камоли телевизиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Ҳамчун рӯзноманигор дар таҳияи барномаҳои телевизионии «Дугонаҳо», «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Муҳаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» ва ғайраҳо, ки миёни бинандагон маҳбубият доштанд, саҳм гузоштааст. Абдусаломова Рафоат солҳои зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Шодон Ҳаниф 10 марти соли 1934 дар деҳаи Оҳалики Самарқанд  ба дунё омадааст. Шӯъбаи тарҷумонии факултети таъриху филогияи УДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1959). Ходими адабии рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло «Ҷумҳурият», 1959-1961), муҳаррир, мудири шӯъбаи нашриёти “Ирфон” (1962-1967), сармуҳарири идораи барномасозии Вазорати маданияти Тоҷикистон (1967-1971), мудири шуъбаи моҳномаи “Садои Шарқ” (1971-1980), тарҷумон ва мушовири ниҳодҳои ҳизбӣ дар Афғонистон (1980-1985), директори шӯъбаи Тоҷикистонии Фонди адабии СССР (1986-1991). Ӯ 5 майи соли 2007 дар Душанбе вафот кардааст.

Дар имрӯзи соли 1931 дар Тоҷикистон ноҳияи Рашт таъсис дода шуд.

Соли 2010 дар Душанбе нашри махсуси маҷаллаи «Помир» аз чоп баромад, ки ба робитаҳои фарҳангию адабии Тоҷикистону Қазоқистон бахшида шуда буд.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавии садсолагии матбуоти тоҷик иштирок ва рӯзноманигорон, кормандон ва собиқадорони воситаҳои ахбори оммаро табрик намуд.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар имрӯз як қатор шахсиятҳо зодрӯз доранд. Аз ҷумла:

Абдумалики Абдуҷаббор (1988)- шоир.

Садриддин Абдураҳимов (1945)- доктори илми геологӣ, профессор.

Рафоъат Абдусаломова (1939) — наттоқи ТВ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Муҳсин Аминзода (1954) — нависанда.

Сироҷиддин Бандаев (1945) — доктори илми химия, профессор.

Валерий Безушко (1947)- рассом.

Қирғизбегим Fарибшоева (1924-2003)- сароянда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Занҷирбеки Ёқуб (1952) — шоир.

Абдукарим Қосимов (1933-1997)- арбоби давлатӣ.

Қурбон Сангини (1921)- шоир.

Ҳайдар Қурбонов (1941 — 1998) — доктори илми техникӣ.

Улфатмо Мамадамбарова (1937) — сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Худоназар Мамадназаров (1916- 1982)- арбоби давлатӣ.

Бибиҳафиза Маҷидова (1949)- доктори илми педагогӣ, профессор.

Сафар Муллоев (1938)- риёзидон, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Фарида Муҳаммадгалиева (1923 — 1994) — устоди рақс, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев (1946) — актёри театру кино.

Аскар Одинаев (1931)- актёри театр.

Валимад Одинаев (1935-2010) — рассом, Ходим шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Усмон Сиддиқов (1936) — актёри театр,Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сафар Сулаймонӣ (1951) — доктори илми педагогӣ, профессор.

Хўҷааҳмад Хидиралиев (1944) — Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Чоршанбеи Деҳнавӣ (1950)- нависандаӣ.

Бобоҷон Ҳасанов (1947) — актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Шодибек Ҳотамбеков (1935) — коргардони ТВ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Саидмурод Ҳоҷиев (1939)- забоншинос, профессор.

Шодон Ҳаниф (1934 — 2007) — Нависандаи Халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.

Насибахон Эшонова (1962)- рассом.

Музаффар Юнусов (1950)- доктори илми химия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *