Тақвими рӯз: Аз дучархаи 60 миллиона то қонун “Дар бораи мукофотҳои давлатӣ”

Соли 1910 дар Шветсия дастаи футболи «Малмё» таъсис дода шуд.

Cоли 2011 дар Олмон босуръаттарин ва гаронтарин дучарха дар таърихи олам истеҳсол карда шуд, ки 100 км соат суръат ва 60 миллион евро арзиш дошт.

Соли 2009 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишномаи байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад баррасӣ карда шуд.

Соли 2010 Президент Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо»-ро ба имзо расониданд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар майдони зиёда аз 10 гектар замини назди Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доман паҳн кардааст, асос гузошта, мардуми ҷумҳуриро ба вусъати корҳои ниҳолшинонию сабзазоркунӣ ҳидоят намуданд.

Соли 2014 дар Тоҷикистон дар пояи Институти физикаю математикаи АИ ҶТ корхонаи истеҳсоли моеъи нитроген (азот) ифтитоҳ гардид. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 300 тоннаро ташкил медиҳад.

Соли 2014 дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Ҳоуглен масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Америка ва ҳамкории судбахши ду мамлакат баррасӣ шуд.

Соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ»-ро имзо намуданд.

Соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд шуъбаи нави Маркази илм ва фарҳанги Россия ифтитоҳ гардид.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

Шариф Бақоев (1906 — 1941) — актёр ва коргардони театр.

Зокир Боқиев (1963)- кинодраматург.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов (1952)- меъмор.

Иван Клименко (1904-975)- доктори илми кишоварзӣ, профессор.
Ҳамидҷон Маҳмудов (1900 — 1977) — коргардони театр.

Абдусаттор Ҷабборов (1948)- доктори илми иқтисод, профессор.

Талбак Салимов (1960) — доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Рафаэл Толмасов (1923-1997) — сарояндаи опера, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Алиасғар Шеърдӯст (1962)- адабиётшинос ва дипломати эронӣ, узви фахрии АИ Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *