Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақвими рӯз: Аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ то аввалин мошини “Ҷип”

Имрӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаи ҳамкории ҳарбӣ барои соли 2010 ба имзо расид.

Имрӯзи соли 2010 дар Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардид.

Имрӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои молиявию иктишофии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

Имрӯзи соли 2016 дар Минск ансамбли рақсии «Зебо» дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус, ки 4 рӯз идома ёфт,  ҳунарнамоӣ кард.

Имрӯзи соли 2016 дар Австрия форуми Тоҷикистону Австрия «Имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон» доир шуд.

Имрӯзи соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯзи соли 2019 дар доираи ширкат дар чорабиниҳои ҳамоиши Порис оид ба Сулҳ суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Фаронса.

Имрӯзи соли 2019 Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оқохони lV дар ҳамоиши Порис оид ба Сулҳ ширкат кард.

Имрӯзи соли 1918 Ҷанги якуми ҷаҳонӣ анҷом ёфт.

Имрӯзи соли 1940  аввалин маротиба мошини тамғаи «Ҷип» бароварда шуд.

Имрӯзи соли 1973 миёни Миср ва Исроил шартномаи сулҳ ба имзо расид.

11-уми ноябр дар Канада Рӯзи ёдбуд қайд карда мешавад.

11-уми ноябр дар Ангола  Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.

11-уми ноябр дар Полша Рӯзи истиқлолиятро ҷашн мегиранд.

11-уми ноябр дар ИМА Рӯзи собиқадорон таҷлил мегардад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj