Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақвими рӯз: Аз рӯзи муаллим то аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши вазнин

28 марти соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2015 қабул гардид.

28 марти соли 2014 Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шуд.

Дар Чехия – Рӯзи муаллим.

Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои амнияти миллӣ.

28 марти соли 2013 дар  Киев масоили мубрами хамкории Тоҷикистону Украина баррасӣ карда шуданд.

28 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

28 марти соли 1924 Ширкати нафтии Франсия таъсис дода шуд, ки ҳоло яке аз бузургтарин ширкатҳои нафтӣ дар ҷаҳон мебошад.

28 марти соли 2003 Шӯрои Амнияти СММ якдилона барои аз нав барқарор намудани барномаи «Нафт бар ивази хӯрокворӣ» барои Ироқ  овоз дод.

28 марти соли 2013  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  таъсис дода шуд.

28 марти соли 1891 аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши вазнин баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–110-солагии зодрӯзи Наимҷон Азимов (1910-1993), мутриб, дирижёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

–115-солагии зодрӯзи Шавкат Ниёзӣ (1905-1962), забоншинос.

–85-солагии зодрӯзи Муродалӣ Табаров (1935), арбоби давлатӣ.

–100-солагии зодрӯзи Владимир Тарасов (1920-1989), муаррих, Корманди шоистаи маданияти Тоӣикистон.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.