Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақвими рӯз: Фармони маратория ва 87-солагии яке аз саҳмдорони таъсиси шуъбаи журналистика

Дар ҳамин рӯзи соли 1933 Арбоби илму техника, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессори ДМТ Қосимова Мукаррама Набиевна ба дунё омадааст.

Мукаррама Қосимова дар аспирантура (солҳои 1955-1959) таҳсил кардааст. Соли 1962 диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи “Ҷумлаҳои пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик” ҳимоя намуд. Солҳои 1956-1986 ба ҳайси муаллима, муаллимаи калон, дотсент, профессори факултети филология фаъолият кардааст.

Солҳои 1966-1968 ва 1974-1977 декани факултети филологияи ДДТ. Солҳои 1971-1973 дар вазифаи ходими калони илмӣ буд. Солҳои 1986-1995 мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТ ва солҳои 1995-2003 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ буд. Аз соли 2004 профессор, мушовири илмии кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ мебошад.

Номбурда муаллифи зиёда аз 180 мақолаи илмӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ мебошад.

Саҳми муаллима дар таъсиси шуъбаи журналистикаи ДМТ калон аст.

«Тезпазакҳо»-и илм, вазъи забони тоҷикӣ ва эрод ба Айнӣ

Имрӯзи соли 2018 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба тасвиб расонд, ки мораторияро барои ду сол ба тамоми намудҳои санҷиш дар корхонаҳои истеҳсолӣ эълон кард.

Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–70-солагии зодрӯзи Шодӣ Акрамов (1950), олими соҳаи иқтисод.

–115-солагии зодрӯзи Меҳриддин Амдинов (1905-1939), арбоби
давлатӣ.

–65-солагии зодрӯзи Абдусаттори Раҳмон (1955), шоир.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.